Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон тамоми гуфтахои яке аз адвокатҳои Зайд Саидов дар бораи ахиран ба унвони ӯ сурат гирифтани таҳдидҳоро
рад мекунад.
Маркази матбуоти ВКД ҶТ дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки вазорат тамои ваҷҳҳои Қудратовро омӯхта, санҷиш нишон додааст, ки нозирони минтақавии милитсияи Шӯъбаи ВКД дар ноҳияи Фирдавсӣ капитани милитсия Каримов Н.С. ва лейтенанти калони милитсия Сафаров С.С., рӯзи 27 феврали соли 2014 мувофиқи нақша аз соати 18 то соати 21 ҳуҷраҳои биноҳои 29/1, 29/2, 29/3-и кӯчаи Фирдавсиро мавриди санҷиш қарор дода, дар вақти гузаронидани санҷиш бо ягон шаҳрванд муносибати дағалона зоҳир накардаанд. Ҳамзамон ҳолати аз тарафи нозирони минтақавии милитсия таҳқир намудани Қудратов Шӯҳрат асоси воқеъӣ надорад ва ин аз тарафи сокинони маҳаллаҳои номбурда низ тасдиқ гардидааст.
Вобаста ба ворид шудани паёмакҳои (СМС) таҳдидомез ба телефони мобилии Қудратов Шӯхрат санҷиш гузаронида шуда, муайян карда шуд, ки тибқи маълумотномаи ширкати «Tcell» дар таърихи 25 феврали соли 2014 умуман ба рақамҳои телефони мобилии охирин ягон паёмак ворид нагардидааст.
Ҳамчунин бино ба маълумоти ВКД, ҳолати аксбардорӣ намудани фарзандони Қудратов Шӯҳрат аз тарафи ду шахси мошинсавори кӯлоҳпӯш дар назди манзили истиқоматиашон ҳангоми бозӣ намудан низ, аз тарафи истиқоматкунандагони бинои истиқоматии 29/3-и кӯчаи Фирдавсӣ тасдиқ нагардид. Ҳамзамон Шӯҳрат Қудратов вобаста ба ин ҳолат ба мақомоти дахлдор муроҷиат накардааст.
Зикр мегардад, ки Қудратов Шӯҳрат рӯзи 27.02 соли 2014 тақрибан соати 17:00 ҳангоми идораи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс-180», рақами давлатиаш 90-35 ВЕ 01 дар кӯчаи А.Дониши шаҳри Душанбе қоидаи ҳаракати роҳро дағалона вайрон намуда, ба автомашинаи тамғаи «КИА» рақами давлатиаш 87-39 АТ 01, ки ба шаҳрванд Шукурова Н.М. ва автомашинаи тамғаи «Опел» рақами давлатиаш 96-25 ВК 01, ки ба шаҳрванд Холматов Б. тааллуқ доранд, бархӯрда, зарари молии соҳибмулконро ҷуброн накарда, онҳоро таҳқир намуда, бо баҳонаи гуногун аз ҷойи ҳодиса ғайб зада, автомашинаашро пинҳонӣ ба таъмир додааст. Дар ҷойи ҳодиса шоҳидони ҳол садамаро аксбардорӣ карда, барои чораҷӯӣ кардан, ба кормандони милитсия шикоят намуданд, ки вобаста ба ин ҳолат нозирони минтақавиии милитсия низ огаҳӣ доштанд.
Кормандони милитсия бо ҳамаи ҳамсояҳо ҳамсӯҳбат шуда, дар натиҷа ҷойи нигоҳдорӣ ва таъмири автомашинаи Қудратов Шӯҳрат муайян карда шуд.
Дар натиҷа дар таърихи 01.03. соли 2014 кормандони Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ҷойи нигоҳдорӣ, таъмир ва осеби автомашинаи ӯро муайян намуда, оиди садамаи нақлиётии мазкур нисбати ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс – 180» рақами давлатиаш 90-35 ВЕ 01 Қудратов Шӯҳрат мавод тартиб доданд. Айни замон таҳқиқи ҳодисаи мазкур дар Раёсати таҳқиқи ВКД давом дорад.
Ёдрас мекунем, ки санаи 28-уми феврали соли равон Шуҳрат Қудратов, яке аз адвокатҳои соҳибкори маҳкумшуда Зайд Саидов дар бораи санҷиши шиносномаҳо, ки қариб нимашаби 27-уми феврал аз ҷониби корманди милиса дар манзили зисташ сурат гирифтааст, хабар медиҳад. Адвокат бар ин назар аст, ки ин амал
идомаи таҳдидҳои
қаблан ба унвони ӯ расида мебошад.
Қаблан бошад, Шуҳрат Қудратов, Исҳоқ Табаров ва Фахриддин Зокиров, вакилони дифои Зайд Саидов, соҳибкори маҳкумшуда нисбати раиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон Абдуфаттоҳи Ғоиб як
изҳорот
интишор намуданд.





