Ҳаҷми сармоягузорӣ ба Тоҷикистон 276 млн. $-ро ташкил дод

Заррина Эргашева



Аз рӯи натиҷаҳи семоҳаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми умумии сармоягузорӣ ба Тоҷикистон 276 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод.

Муовини аввали раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Лочин Файзуллоев зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки аз ҳаҷми умумии сармояи воридшуда, 186 млн. $ воситаҳои қарзии ҷалбшуда аз ҷониби корхонаҳо буда, 89 млн. $ сармоягузории мустақим мебошад.

Ба гуфтаи вай, нисбат ба семоҳаи аввали соли 2013 ҳаҷми сармоягузории мустақими хориҷӣ дар соли равон 27 млн. зиёд шуда, ҳамчунин воридшавии дигар навъҳои сармоягузорӣ низ ба миқдор 67 млн. доллари ИМА афзудааст.

«Сармоягузориҳои мустақим асосан ба омӯзиши захираҳои боигариҳои зеризаминӣ ва коркарди конҳо (39 млн.. $), рушди алоқа (3 млн.$), хизматгузориҳои молиявӣ (5 млн. $), сохтмон (7 млн. $ ) равона гардиданд», – иброз дошт ӯ.

Муовини вазир ҳамчунин зикр кард, ки ҳиссаи бештари сармоя ба Тоҷикистон – 132 млн. $ ё худ 47% аз ҳаҷми умумии сармоягузорӣ аз Русия ворид шуда, дар ин давра аз Чин – 56 млн. $ (20,2%), Люксембург – 17 млн. $), ИМА – 15 млн. $, Қатар – 7 млн. $, Швейтсария – 7 млн. $, Олмон – 5 млн. $, Британияи Кабир – 5 млн. $, Аморати Муттаҳидаи Араб – 4 млн ва Нидерланд 3 млн. $ маблағи сармоягузорӣ ҷалб шудааст.

Зимнан зикр гардид, ки аз ин миқдор сармояи воридшуда 64,4% ба Душанбе, 25,2% – ба вилояти Суғд, 9,07% ба ноҳияҳои тобеи марказ, 0,85% – ба вилояти Хатлон ва 0,03% – ба ВМКБ ворид шудаанд.

«Бо мақсади ҷалби сармоя ба ҷумҳурӣ нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба маблағи умумии 53,4 млн. $ 6 лоиҳаи сармоягузорӣ ба имзо расид, ки 75,5% аз ин маблағро воситаҳои бурсӣ ташкил медиҳанд», – афзуд Файзуллоев.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Аз “Чаҳоршанбе сурӣ” то “Деги дарвешон”. Анъанаҳои Наврӯзие, ки дар Тоҷикистон фаромӯш мешаванд

Наврӯз ҷашни суннатии эрониён аст, аммо имрӯз дар Тоҷикистон, ва баъзе манотиқи кишварҳои ҳавзаи Наврӯз анъанаҳои замоне маъмули он, аз ҷумла хонатаконӣ, пухтани суманак,...

Холмурод Раҳмон, раисе, ки Эмомалӣ Раҳмон аз кораш таъриф карда буд, даргузашт

Ӯро имрӯз дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба хок супориданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 51

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Музокироти сулҳ миёни Амрико ва Эрон. Трамп бо пофишорӣ тасдиқ кард, аммо мақомоти Эрон рад мекунанд

Зарбулаҷали 48 - соата барои Эрон ҳам, баъди посухи таҳдидомези Теҳрон, 5 рӯз ба таъхир афтод.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 марти соли 2026

Имрӯз дар маркази Душанбе ва ҳама навоии он чорабиниҳои наврӯзӣ доир мешавад.

Низоме, ки Амрикову Исроил аз он ҳарос доранд. Эрон аз сӯйи кӣ ва чӣ гуна идора мешавад?

Омили аслии оғози ҷанги таҷовузкорона ва талоши то ин лаҳза номуваффақи сарнагун кардани низоми Ҷумҳурии Исломӣ аз сӯйи Вашингтону Телавив, қудрати он гуфта мешавад.

Расму ойини наврӯзӣ дар Тоҷикистон

Наврӯз яке аз ҷашнҳои миллии мардуми ориёинажод буда, онро мардуми Тоҷикистон аз қадимулайём то ба имрӯз бошукӯҳу вижагиҳо ва русуми хоси ин диёри куҳанбунёд, ки аз ниёгонамон ба ёдгор мондааст, таҷлил менамоянд. Суғдиён дар радифи бохтариён, ки аз гузаштагони аслии тоҷикон ба шумор мераванд, Наврӯзро аз замонҳои қадим бошукӯҳ ва тантанаи хос ҷашн мегирифтанд. Наврӯз расму ойинҳои зиёдеро дар бар мегирад, ки якчандтои онро инҷо меорем.

Ҳамлаи фоҷеабор ба “Крокус”. Баъди 2 сол 19 муттаҳам равонаи зиндон шуд, аммо 5 савол бидуни посух монд

Посухи ошкор ба ин суолҳо эътимодро ба адолати додгоҳӣ, сухани мақомоти Русия меафзояд ва ҷомеа бовар хоҳад кард, ки маҳз ҳамонҳое, ки ба сӯйи одамони бегуноҳ тир кушоданд, ҷазо гирифтанд.

Кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ба Эрон расид

Аббос Ароқчӣ сипос гуфт ва таъкид кард, ки Эрону Тоҷикистон дар канори якдигар ва ҳамроҳи рӯзҳои сахтиву хушии ҳам будаанд.