Вазири корҳои хориҷии Чин ба Душанбе меояд

Рӯзи 30-юми июл вазири корҳои хориҷии Чин Ван И бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад. Бино ба маълумоти департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, зимни сафар рӯзи 31-уми июл вазири корҳои хориҷии Чин бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидору гуфтушунид мекунад. Ҳамчунин рӯзи 31-уми июл Ван И дар кори ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии […]



Рӯзи 30-юми июл вазири корҳои хориҷии Чин Ван И бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад.

Бино ба маълумоти департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, зимни сафар рӯзи 31-уми июл вазири корҳои хориҷии Чин бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидору гуфтушунид мекунад.

Ҳамчунин рӯзи 31-уми июл Ван И дар кори ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, ки  дар қароргоҳи ҳукумат дар пойтахт доир мегардад, ширкат меварзад.

Санаи 1-уми август дидору гуфтушуниди вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Чин дар назар аст. Худи ҳамон рӯз Ван И ба Пекин бармегардад.

Чин яке аз шарикони стратегии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Муносибатҳои дипломатӣ миёни кишварҳо 4-уми январи соли 1992 роҳандозӣ шуданд. Чин ба сегонаи шарикони бузургтарини тиҷоратии Тоҷикистон шомил мебошад.

Бино ба маълумоти ВКХ Тоҷикистон, соли 2013 ҳаҷми умумии муомилоти мол миёни Тоҷикистону Чин ҳудуди 2 млрд. доллари ИМА-ро ташкил додааст. Дар Тоҷикистон бисёр корхонаҳои бузурги Чин дар бахшҳои гуногун фаъолият доранд. Тайи 6 соли ахир ҳаҷми сармоягузории андӯхтаи Чин дар иқтисоди Тоҷикистон ба нишондиҳандаи 500 млн. доллари ИМА наздик мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.