Сафари расмии Сергей Лавров ба Тоҷикистон

Рӯзи 30-юми июл вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров бо сафари дурӯзаи расмӣ ба Тоҷикистон меояд. Бино ба маълумоти департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, сафари расмии Сергекй Лавров ба Душанбе бо баргузории маросими гулчанбаргузорӣ ба пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ оғоз мегардад. Нимаи дуюми рӯзи 30-юми июл вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Русия доир гардида, […]



Рӯзи 30-юми июл вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров бо сафари дурӯзаи расмӣ ба Тоҷикистон меояд.

Бино ба маълумоти департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, сафари расмии Сергекй Лавров ба Душанбе бо баргузории маросими гулчанбаргузорӣ ба пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ оғоз мегардад.

Нимаи дуюми рӯзи 30-юми июл вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Русия доир гардида, аз натоиҷи он ба матбуот маълумот дода хоҳад шуд. Худи ҳамин рӯз Лавров бо дипломатҳои ҷавони тоҷик мулоқот мекунад.

Ахири рӯзи чоршанбе вохӯрии вазири корҳои хориҷии Русия бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назар аст.

Санаи 31-уми июл Сергей Лавров дар кори ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе ширкат меварзад. Нимаи дуюми ҳамин рӯз вазири корҳои хориҷии Русия ба Маскав бармегардад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.