Ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СҲШ дар Душанбе

Рӯзҳои 30-31-уми июл дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) доир мегардад. Субҳи рӯзи 30-юми июл вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон ба Душанбе ташриф меоранд. Бино ба иттилои департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, санаи 31-уми июл дар Кохи Миллат вазирони корҳои хориҷии кишварҳои […]

Пайрав Чоршанбиев



Рӯзҳои 30-31-уми июл дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) доир мегардад. Субҳи рӯзи 30-юми июл вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон ба Душанбе ташриф меоранд.

Бино ба иттилои департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, санаи 31-уми июл дар Кохи Миллат вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СҲШ-ро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур мепазирад.

Ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар қароргоҳи ҳукумат дар пойтахт баргузор мешавад. Дар ҷаласа баррасии рӯзномаи нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ, ки моҳи сентябри ҳамин сол дар Душанбе доир мегардад ва дигар масъалаҳои марбут ба фаъолияти созмон дар назар аст. Аз моҳи сентябри соли 2013 то моҳи сентябри ҳамин сол – ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони кишварҳои узви СҲШ, Тоҷикистон раёсат дар СҲШ-ро ба уҳда дорад.

СҲШ созмони байнулмилалии минтақавӣ буда, соли 2001 аз ҷониби сарони кишварҳои Чин, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон таъсис дода шуд. Ба ҷуз Ӯзбекистон, кишварҳои дигар узви «Панҷгонаи Шанхай» мебошанд, ки дар асоси баимзорасии созишнома миёни панҷ кишвар солҳои 1996-1997дар бораи таҳкими эътимод дар бахши низомӣ ва коҳиши мутақобилаи Қувваҳои Мусаллаҳ дар минтақаи марзӣ таъсис дода шуда буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон Ҷоми Осиёро бо пирӯзӣ оғоз кард

Ва ҷиҳати роҳ ёфтан ба марҳилаи дигар қадами аввал гузошт.

Муовини сарвазири Тоҷикистон дар ҷаласаи солонаи БОР дар Самарқанд чӣ гуфт?

Ҳоким Холиқзода гуфт, “Роғун” ба унсури калидии шарикии нави Тоҷикистон ва БОР табдил меёбад

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мунаввар Шоҳгадоев ва Дилшод Назаров то қатли Минҳоҷ Ғуломов

Сокинони деҳае дар Суғд мегӯянд, “паноҳҷӯёни афғонистонӣ аз маҳалла ғайб задаанд”

Гузориш аз макони будубоши муҳоҷирони афғонистонӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов пас аз боздошти як шаҳрванди Афғонистон бо иттиҳоми куштори як зан.

Танишҳо атрофи тангаи Ҳурмуз. Аз таҳдиди Трамп то ҳамла ба Имороту ҳушдори Сипоҳи посдорони Эрон ба нафткашҳои бандмонда

Вазъ дар ин оброҳа замоне печида шуд, ки Доналд Тармп гуфт, барои раҳо кардани киштиҳои бандмонда кӯмак мекунад.