Ҳалокати модар аз дасти писар дар арафаи иди Рамазон

Дар арафаи иди шарифи Рамазон дар шаҳри Турсунзода сокини маҳаллӣ модарашро кушта, холаашро захмӣ ва сипас кӯшиши худкушӣ кардааст. Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД ҶТ, нимаи дуюми рӯзи 27-уми июл сокини шаҳри Турсунзода Отабек Давронови 35-сола бар асари ҷанҷоли отлавӣ бо корди дар дасташ буда ба дили модараш Ҳанифа Давроноваи 58-сола зарба задааст, ки […]



Дар арафаи иди шарифи Рамазон дар шаҳри Турсунзода сокини маҳаллӣ модарашро кушта, холаашро захмӣ ва сипас кӯшиши худкушӣ кардааст.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД ҶТ, нимаи дуюми рӯзи 27-уми июл сокини шаҳри Турсунзода Отабек Давронови 35-сола бар асари ҷанҷоли отлавӣ бо корди дар дасташ буда ба дили модараш Ҳанифа Давроноваи 58-сола зарба задааст, ки охирон аз бардоштани ҷароҳати ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Ба иттилои манбаъ, дар вақти ин ҳодиса хоҳари марҳум Мавҷуда Осимоваи 49-сола, ки истиқоматкунандаи ноҳияи Бобоҷон буда, меҳмонӣ омада буд, мехоҳад онҳоро аз ҳамдигар ҷудо намояд.

«Отабек Давронов бо корд ба қисми болои абрӯ ва як маротиба ба шиками холааш задааст, ки дар натиҷа ӯ ҷароҳати сабуки ҷисмонӣ бардоштааст. Дар охир худи Давронов бо корд як маротиба ба шикамаш зада, бо ҷароҳати меъда дар беморхона бистарӣ гардидааст», – омадааст дар иттилои ВКД,

Гуфта мешавад, нисбати ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.