Ифтитоҳи маҷмааи варзишӣ дар боғи фарҳанги Кӯлоб

Ба муносибати таҷлили ҷашни 23-юмин солгарди истиқлолияти ҷумҳурӣ мавриди истифода қарор додани ҳадди ақал ҳудуди 20 иншооти таъиноти гуногун дар Кӯлоб дар назар аст. Сармеъмори шаҳри Кӯлоб Зоиршо Ғозиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар ин қатор ба истифода додани маҷмааи комили варзишӣ дар боғи истироҳату фарҳанг пешбинӣ шудааст, ки аз ҳисоби […]



Ба муносибати таҷлили ҷашни 23-юмин солгарди истиқлолияти ҷумҳурӣ мавриди истифода қарор додани ҳадди ақал ҳудуди 20 иншооти таъиноти гуногун дар Кӯлоб дар назар аст.

Сармеъмори шаҳри Кӯлоб Зоиршо Ғозиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар ин қатор ба истифода додани маҷмааи комили варзишӣ дар боғи истироҳату фарҳанг пешбинӣ шудааст, ки аз ҳисоби воситаҳои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ сохта мешавад.

«Маҷмаа аз майдонҳои бозии басткетболу волейбол ва тӯби дастӣ, ҳамчунин дигар майдонҳои варзишӣ иборат хоҳад буд», – иброз дошт ӯ.

Ба гуфтаи сармеъмор, хурсандиовар аст, ки ин дафъа соҳиборони ноҳияи Кӯлоб, ки зербинояш нисбати шаҳр хеле қафомонда аст, ташаббус нишон дода, дар тамоми маҳаллаҳои бузурги аҳолинишини 4 ҷамоат то 9-уми сентябр марказҳои тиҷорату хизматгузорӣ, нуқтаҳи фурӯши сӯзищворӣ ба аҳолӣ, мағозаҳои масолеҳи сохтмон ва нуктаҳои фурӯши газ мавриди истифода қарор мегиранд ва дар ин иншоот 120 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.