Корхонаҳои Тоҷикистон аз Магадан таҷҳизоти заршӯӣ мехаранд

Миёни коргоҳи заршӯии «Одина» ва крхонаи механикии Магадан оид ба таҳвили таҷҳизот ба Тоҷикистон қарордод ба имзо расид. Тавре ба «Азия-Плюс» аз коргоҳи «Одина» хабар доданд, таҷҳизоти заршӯии ППМ-5 ва ГГМ-3 истеҳсоли ин корхона қаблан ҳам ба Тоҷикистон оварда шуда, мавриди истифода қарор дорад ва ин дафъа коргоҳ барои ин таҷҳизот қисмҳои эҳтиётӣ фармоиш додааст. […]



Миёни коргоҳи заршӯии «Одина» ва крхонаи механикии Магадан оид ба таҳвили таҷҳизот ба Тоҷикистон қарордод ба имзо расид.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз коргоҳи «Одина» хабар доданд, таҷҳизоти заршӯии ППМ-5 ва ГГМ-3 истеҳсоли ин корхона қаблан ҳам ба Тоҷикистон оварда шуда, мавриди истифода қарор дорад ва ин дафъа коргоҳ барои ин таҷҳизот қисмҳои эҳтиётӣ фармоиш додааст.

«Маблағи қарордоди охир 2 млн. раблуи русиро ташкил дода, он ба коргоҳи мо ҷиҳати афзоиши истихроҷи тилло дар кони тиллои пошидаи Яхсӯ кумак мекунад», – гуфтанд дар коргоҳ.

Ба иттилои манбаъ, тӯли солҳои зиёдест, ки ширкатҳои машғул ба истихроҷ дар конҳои пошида (реза)-и тилло дар Тоҷикистон бо корхонаи механикии Магадан ҳамкорӣ доранд.

Коргоҳи заршӯии «Одина» аз соли 2001 дар яке аз қитъаҳои кони тиллои пошидаи «Яхсӯ» бо номи «Дондушкан» ба истихроҷи маъдан машғул аст. Муддати як сол дар коргоҳ каме бештар аз 100 кило тилло истихроҷ мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.