Mail.Ru Group дар бораи қатъи дастрасӣ ба «Одноклассники» дар Тоҷикистон

– Қатъи дастрасӣ ба шабакаи иҷтимоии «Одноклассники» дар Тоҷикистон ба манфиатҳои корбарон зиён оварда, ҳамчунин таҷассумгари далели он аст, ки дар қонунгузории миллӣ дар ин бахш тартиби саҳеҳу шаффофи танзими мушкилоти мазкур пешбинӣ нашудааст, – гуфта мешавад дар изҳороти расмии хадамоти матбуоти Mail.Ru Group. Дар изҳороти расмӣ зикр мегардад, ки шикоятҳои нахустин дар мавриди дастнорас […]



– Қатъи дастрасӣ ба шабакаи иҷтимоии «Одноклассники» дар Тоҷикистон ба манфиатҳои корбарон зиён оварда, ҳамчунин таҷассумгари далели он аст, ки дар қонунгузории миллӣ дар ин бахш тартиби саҳеҳу шаффофи танзими мушкилоти мазкур пешбинӣ нашудааст, – гуфта мешавад дар изҳороти расмии хадамоти матбуоти Mail.Ru Group.

Дар изҳороти расмӣ зикр мегардад, ки шикоятҳои нахустин дар мавриди дастнорас будани шабакаи иҷтимоӣ дар Тоҷикистон ҳанӯз рӯзи 18-уми июл расидаанд.

«Сарфи назар аз муроҷиатҳои сершумор ба мақомоти танзимкунандаи Тоҷикистон, ба мо муяссар нашуд, ки сабабҳои маҳдуд шудани дастрасӣ ба шабакаи иҷтимоӣ дар қаламрави кишварро маълум намоем. Аз ҷониби намояндагони ин мақомот ба мо ягон дархости расмӣ нарасидааст», – таъкид мегардад дар изҳорот.

Ҳамчунин гуфта мешавад, раҳбарияти Mail.Ru Group за тамоми имконоташ истифода дорад, то ки ҳарчи зудтар дастрасӣ ба корбарони шабака дар қаламрави Тоҷикистонро барқарор намояд.

«Мо бар ин назарем, ки вазъи мавҷуда ба манфиатҳои ширкатҳои бузурги фароҳамсози интернет низ зиён оварда, қонунгузории кишвар махсусияти кори ширкатҳои фароҳамгари интернетро ба инобат намегирад», – омадааст дар изҳорот.

Ёдрас мекунем, ки субҳи рӯзи 19-уми июл бархе аз корбарони интернет дар Тоҷикистон хабар доданд, ки ба шабакаи «Одноклаасники»

дастрасӣ надоранд.

Инҳо корбарони ширкатҳои фароҳамсози интернети «Сатурн Онлайн», «Вавилон Т», «Мегафон Тоҷикистон», «Телеком Технолоҷи ва «Tcell» буданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.