Кумаки навбатии хадамоти муҳоҷират ба муҳоҷирони корӣ

Бо мусоидати намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия оид ба муҳоҷират ҳафтаи гузашта қарзи муҳоҷирони кории тоҷик аз музди меҳнат дар ҳаҷми беш аз 130 ҳазор рубл пардохта шуд. Котиби матбуотии намояндагӣ Иброҳим Аҳмадов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ба сокини 44-солаи ноҳияи Ҳисор Хуршед Абдураҳмонов, ки дар яке аз […]

Аваз Юлдошев



Бо мусоидати намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия оид ба муҳоҷират ҳафтаи гузашта қарзи муҳоҷирони кории тоҷик аз музди меҳнат дар ҳаҷми беш аз 130 ҳазор рубл пардохта шуд.

Котиби матбуотии намояндагӣ Иброҳим Аҳмадов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ба сокини 44-солаи ноҳияи Ҳисор Хуршед Абдураҳмонов, ки дар яке аз ширкатҳои сохтмонии шаҳри Маскав кор мекард, 57 ҳазор рубл, ба сокини 33-солаи шаҳри Истаравшан, ки дар ширкати сохтмонии вилояти Твер ба ҳайси устои барқ фаъолият дошт, 60 ҳазор рубл ба сокини 36-солаи ноҳияи Ёвон Ҷулабек Холов – 17 ҳазор рубл қарз аз музди меҳнаташон пардохта шудааст.

Зимнан зикр гардид, ки муроҷиати муҳоҷирони кории тоҷик ба намояндагӣ доир ба ин масъала хеле зиёд ба мушоҳида мерасад. «Мутаассифона, қариб дар ҳама ҳолатҳо миёни корфармо ва коргар шартномаи меҳнатӣ ба имзо нарасидааст, ки ба рӯи кор омадани мушкилот зимни пардохти музди меҳнат боис мегардад», – таъки дошт номбурда.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Сохтмон
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 апрели соли 2026

Аз даргузашти Раҳмон Набиев ва Ҷалол Икромӣ то Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории паркинсон

“Бештар китоби русӣ мехаранд”. Оё китоби кӯдакона бо забони тоҷикӣ харидор дорад?

Китобфурӯшон мегӯянд, китобҳои босифати кӯдакон бо забони тоҷикӣ бештар шудаанд.

Дар Русия мехоҳанд “баҳонаҳо” барои ихроҷи муҳоҷиронро ду баробар зиёд кунанд

Агар ин тарҳ қабул шавад, муҳоҷирон ҳатто барои изҳори назар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Русия берун хоҳанд шуд.

Бонки осиёии рушд болоравии иқтисоди Тоҷикистонро дар соли равон 7,3% пешгӯӣ мекунад

Ин ниҳоди байнулмилалии молиявӣ нақши калидии саноатро барои рушди устувор зикр кардааст.

Бонки исломии рушд барои тавсеаи бахши сайёҳӣ ва омӯзиши соҳибкорӣ ба Тоҷикистон беш аз $18 млн медиҳад

Беш аз 9,5 млн доллари он қарз буда, ҳоло шарту шароити гирифтани он маълум нест.