Прокуратураи генералӣ ифротгаро эълон кардани «Гурӯҳи 24»-ро пешниҳод мекунад

Прокуратураи генералӣ ифротгаро (экстремистӣ) эълон кардани «Гурӯҳи 24»-ро пешниҳод мекунад, ки созмондиҳандаи он шаҳрванди Тоҷикистон Умаралӣ Қувватов аст ва айни замон дар хориҷи кишвар паноҳ мебарад. Дар изҳороти имрӯз интишоршудаи Прокуратураи генералии Тоҷикистон зикр мегардад, ки гурӯҳи мазкур аз ҷониби шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Қувватов Умаралӣ Изатович, ки бо гумонбарӣ дар содир намудани ҷиноятҳои вазнин, аз […]

ASIA-Plus



Прокуратураи генералӣ ифротгаро (экстремистӣ) эълон кардани «Гурӯҳи 24»-ро пешниҳод мекунад, ки созмондиҳандаи он шаҳрванди Тоҷикистон Умаралӣ Қувватов аст ва айни замон дар хориҷи кишвар паноҳ мебарад.

Дар изҳороти имрӯз интишоршудаи Прокуратураи генералии Тоҷикистон зикр мегардад, ки гурӯҳи мазкур аз ҷониби шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Қувватов Умаралӣ Изатович, ки бо гумонбарӣ дар содир намудани ҷиноятҳои вазнин, аз қабили қаллобӣ ва азонихудкунии амволи ғайр, дар кофтуков қарор дорад, таъсис дода шудааст.

«Мақсади асосии он бо роҳи зиддиконститутсионӣ ғасб кардани ҳокимияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, Қувватов У.И. ва дигар намояндагони ин гурӯҳ дар баромадҳои хусусияти ифротгароёнаи (экстремистидоштаи) худ мардуми шарифи Тоҷикистонро бобати ба амал овардани бетартибиҳои оммавӣ ҳидоят намуда, онҳоро рӯирост ба ғасб кардани ҳокимияти давлатӣ бо роҳи зӯроварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне ба содиркунии ҷиноятҳои махсусан вазнин ба муқобили асосҳои сохти конститутсионӣ даъват мекунанд», – омадааст дар изҳорот.

Гуфта мешавад, бинобар ин, бо мақсади таъмини амнияти миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол ва мардуми соҳибтамаддуни он, сулҳу субот ва бехатарии ҷомеа Прокуратураи генералӣ ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон намудани “Гурӯҳи 24” ҳамчун ташкилоти ифротгаро (экстремистӣ) ва манъ кардани фаъолияти он аризаи даъвогӣ пешниҳод намуд.

Тобистони соли 2012 Умаралӣ Қувватов баъди маҷбуран тарк кардани Тоҷикистон, ҳаракати мухолифи «Гурӯҳи 24»-ро таъсис дод. Ӯ чандин маротиба дар ВАО ҳукуматдорони Тоҷикистонро мавриди интиқод қарор додааст.

Ёдрас мекунем, ки Қувватов ахири моҳи декабри соли 2012  бо дархости ҳукуматдорони тоҷик дар Дубай боздошт шуд. Ба Аморати Муттаҳидаи Араб ӯ Аз Маскав омада, ният дошт, ки минбаъд сафарашро ба шаҳри Брюссел идома бидиҳад. Прокуратураи генералии Тоҷикистон ҷиҳати истирдоди ӯ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Дубай дархост ирсол намуд.

Парвандаи ҷиноӣ нисбати У. Қувватов аз ҷониби Агентии зиддифасоди Тоҷикистон боз шуд. Ӯ ба азхудкунии 6 млн. сомонӣ гумонбар дониста шуда. ҳамчунин ба ин парванда шикоятҳои шаҳрвандони Чину Афғонистон низ илова шудаанд. Аммо суд даъвои истирдоди Қувватовро қонеъ накарда, тибқи баъзе маълумот, айни замон ӯ дар Туркия қарор дорад.

Ахири моҳи декабри соли 2012 дар ВАО изҳороти роҳбари ширкати «Тоҷирон» Файзулло Ғуломов интишор шуд, ки замоне шарики тиҷоратии Қувватов маҳсуб меёфт. Ӯ Қувватовро дар азхудкунии миллионҳо доллар, ки ба «Тоҷирон» ва дигар ширкатҳои хориҷӣ тааллуқ доштанд, муттаҳам донист.

Тайи моҳи ахир «Гурӯҳи 24» дар шабакаҳои иҷтимоӣ бештар фаъол гардида, аҳолии Тоҷикистонро ба нишони эътироз ба ҳукумати кунунӣ санаи 10-уми октябр ба гирдиҳамойӣ дар майдони марказии «Дӯстӣ» даъват мекунад. Дар ин рӯз сарвари давлати Тоҷикистон дар кори нишасти ИДМ ва Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭС) дар Минск ҳузур хоҳад дошт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Сохтмон
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Иқтисоди Тоҷикистон дар соли равон аз кадом ҳисоб рушд мекунад?

Сарфи назар аз пешгӯиҳои мусбат, шарикони рушд интизорӣ доранд, ки иқтисоди Тоҷикистон бо як қатор хавфу чолишҳо дучор мешавад.

Музокироти Эрон ва Амрико бидуни дастёбӣ ба созиш поён ёфт

Он беш аз 20 соат идома кард ва ҳарду кишвар дар мавриди бозгаштан ё нагаштанашон ба музокира изҳори назаре накарданд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Шарифҷон Ҳусейнзодаву Савригул Қурбонова то парвози нахустин инсон ба кайҳон

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.