Иштироки президент дар маросими ифтитоҳи корхонаи асфалт дар Ҷиликӯл

Рӯзи дуюми сафари кории Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон аз ноҳияи Ҷиликул оғоз ёфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ин ноҳия бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон нахуст корхонаи асфалт, ки бо кумаки грантии Ҳукумати Япония сохта ва бо техникаю таҷҳизоти навтарини соҳа муҷаҳҳаз шудааст, расман ба кор дароварда шуд. […]



Рӯзи дуюми сафари кории Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон аз ноҳияи Ҷиликул оғоз ёфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ин ноҳия бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон нахуст корхонаи асфалт, ки бо кумаки грантии Ҳукумати Япония сохта ва бо техникаю таҷҳизоти навтарини соҳа муҷаҳҳаз шудааст, расман ба кор дароварда шуд. Ин корхона дар майдони 4 гектар замини бекорхобидаи ноҳияи Ҷиликул дар муддати хеле кӯтоҳ бо харҷи 41 миллион сомонӣ сохта шудааст.

Барои таъмини кори мунтазами корхона ва истеҳсоли асфалти хушсифат ба ин ҷо 64 адад техникаю механизмҳои навтарини ин соҳа ва технологияи муосири японӣ ворид карда шудааст. 8 мошини калони боркаш, 6 адад мошини махсус, 6 автогрейдер, 3 булдозер, 2 боркунаки фронталӣ, 6 эксватор, 2 ғалтак ва дигар таҷҳизоти роҳсозӣ аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Дар як соат дар ин корхонаи нав 36 тонна асфалт истеҳсол мешавад. Тамоми раванди кори корхона тавассути компютер аз ҷониби ду нафар мутахассисони маҳаллӣ, ки махсус барои ин кор омӯзонда шудаанд, идора карда мешавад.

Дар назди ин корхона барои таъмини он бо қисме аз ашёи хом ду корхонаи коркарди сангу шағал ва шустани маводи зарурӣ аз ҷониби Вазорати нақлиёти кишвар сохта, ба кор дароварда шудааст. Битум, ки яке аз ашёи асосии хом барои истеҳсоли асфалт мебошад, асосан аз кони нафт ва корхонаи нафтии ноҳияи Қумсангир дастрас карда мешавад.

Ин корхона барои таъмини тамоми муасисаҳои давлатии роҳсозӣ ва нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Қурғонтеппаи вилояти Хатлон пешбинӣ шудааст. Дар корхонаи мазкур 35 нафар сокинони ноҳия соҳиби кори доимӣ ва музди баланд шудаанд.

Аз ҷониби мутахассисони Япония бо сармоягузории Агентии ҳамкории байналмилалии ин давлат чунин як корхонаи дигар дар шаҳри Ваҳдат низ сохта шудааст ва ин дуюмин корхонаи японии асфалт дар Тоҷикистон аст. Ҳарду корхона бо харҷи беш аз 66 миллион сомонӣ бунёд ёфта, бо 118 адад техникаю механизми махсус таъмин карда шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.