Ду марзбон барои лату кӯби ҳамхизмати худ маҳкум шуданд

Суди ҳарбии гарнизони Хатлон ду нафар хизматчиёни қисми ҳарбии 2931-и нерӯҳои марзбонии ҷумҳуриро барои лату кӯби бераҳмонаи ҳамхизматашон маҳкум намуд. Судяи суди ҳарбии гарнизони Хатлон Мирахсумиён Исмоил ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки 25-уми июли соли 2014 хизматчиёни қисми ҳарбии 2931-и нерӯҳои марзбонии мустақар дар ноҳияи Шӯрообод – Сайёд Исмоилов ва Рамазон Сафаров […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+



Суди ҳарбии гарнизони Хатлон ду нафар хизматчиёни қисми ҳарбии 2931-и нерӯҳои марзбонии ҷумҳуриро барои лату кӯби бераҳмонаи ҳамхизматашон маҳкум намуд.

Судяи суди ҳарбии гарнизони Хатлон Мирахсумиён Исмоил ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки 25-уми июли соли 2014 хизматчиёни қисми ҳарбии 2931-и нерӯҳои марзбонии мустақар дар ноҳияи Шӯрообод – Сайёд Исмоилов ва Рамазон Сафаров дар майдони варзишии дастаи марзбонии «Баҳористон» ҳамхизмати худ Нарзулло Саидовро мавриди таҳқир қарор дода, вале ба ин ҳам қаноат накарда, С.Исмоилов ӯро ба гантели варзишӣ ба сараш ва Р.Сафаров бошад, бо қундоқи автомат зарба мезананд, ки дар натиҷа ӯ беҳуш шуда, ба гсопитал мунтақил мегардад.

Аз рӯи ин ҳодиса нисбати С.Исмоилов ва Р.Сафаров мутобиқи моддаи 373, қ. 2-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Вайрон  кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни  ҳарбӣ  дар  ҳолати   набудани тобеияти хизматӣ дар байни онҳо) парвандаи ҷиноӣ боз карда шуд.

Зимни баррасии парванда дар мурофиаи судӣ гуноҳи ҳарду собит гардида, суд ҳар кадоме аз онҳоро ба 2 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.