Нахустин сафири Эрон дар Тоҷикистон меҳмони навбатии «Гуфтугӯи тамаддунҳо

Нахустин сафири Эрон дар Тоҷикистон Алӣ Ашраф Муҷтаҳид Шабистарӣ, ки дар кишвари мо солҳои нахусти соҳибистиқлолии кишвар, замони даргириҳои шаҳрвандӣ фаъолият дошт, дар ҷаласаи навбатии Фонди ҷамъиятии профессор Иброҳим Усмонов «Гуфтугӯи тамаддунҳо» ширкат меварзад. Профессор Иброҳим Усмонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки Шабистарӣ давоми солҳои 1992-1997 дар Тоҷикистон ба ҳайси сафири Эрон […]



Нахустин сафири Эрон дар Тоҷикистон Алӣ Ашраф Муҷтаҳид Шабистарӣ, ки дар кишвари мо солҳои нахусти соҳибистиқлолии кишвар, замони даргириҳои шаҳрвандӣ фаъолият дошт, дар ҷаласаи навбатии Фонди ҷамъиятии профессор Иброҳим Усмонов «Гуфтугӯи тамаддунҳо» ширкат меварзад.

Профессор Иброҳим Усмонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки Шабистарӣ давоми солҳои 1992-1997 дар Тоҷикистон ба ҳайси сафири Эрон ифои вазифа намуда, хотираҳояшро дар бораи солҳои аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон, вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҷумҳурӣ иброз хоҳад дошт.

Зимнан зикр гардид, ки вохӯрӣ бо дипломати эронӣ санаи 9-уми октябр дар маркази савдои «Пойтахт» дар шаҳри Душанбе доир мегардад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.