Тоҷикистон таҷрибаи Молдова дар идоракунии раванди муҳоҷиратро меомӯзад

Бо дастгирии Созмони байналмилалии муҳоҷират (СБМ) дар шаҳри Душанбе семинари техникӣ доир ба идоракунии раванди муҳоҷирати меҳнатӣ (таҷрибаи Ҷумҳурии Молдова) бо иштироки аъзоёни комиссияи байниидоравӣ оид ба танзими раванди муҳоҷират доир гардид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ, дар семинар муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ […]

ASIA-Plus



Бо дастгирии Созмони байналмилалии муҳоҷират (СБМ) дар шаҳри Душанбе семинари техникӣ доир ба идоракунии раванди муҳоҷирати меҳнатӣ (таҷрибаи Ҷумҳурии Молдова) бо иштироки аъзоёни комиссияи байниидоравӣ оид ба танзими раванди муҳоҷират доир гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ, дар семинар муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ Сангинзода Э.Н., муовини вазири меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ ва оилаи Ҷумҳурии Молдова Сержиу Саинчук, роҳбари миссияи СБМ дар ҶТ Тайма Курт ва намояндагони дигар вазорату идораҳои дахлдор иштирок доштанд.

Гуфта мешавад, мутобиқи барномаи чорабинӣ, дар семинари мазкур масъалаҳои хусусиятҳои умумӣ байни Тоҷикистону Молдова дар контексти кишварҳои интиқолдиҳандаи муҳоҷирони меҳнатӣ, ҷанбаҳои умумии таҷрибаи Молдова дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, барномаҳои миллӣ оид ба ҷалби интиқоли пули муҳоҷирони меҳнатӣ дар рушди соҳибкории хурду миёна ва ғайра баррасӣ гардиданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулугоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Таъсири низоъ дар Ховари Миёна ба иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ. Пешгӯии Бонки ҷаҳонӣ

Коршиносон бар ин назаранд, ки рушди иқтисодӣ дар минтақа то 4,9% поин меравад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Ғуломризо Баҳор то даргузашти Бобо Ҳоҷӣ ва Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ

Иқтисоди Тоҷикистон дар соли равон аз кадом ҳисоб рушд мекунад?

Сарфи назар аз пешгӯиҳои мусбат, шарикони рушд интизорӣ доранд, ки иқтисоди Тоҷикистон бо як қатор хавфу чолишҳо дучор мешавад.

Музокироти Эрон ва Амрико бидуни дастёбӣ ба созиш поён ёфт

Он беш аз 20 соат идома кард ва ҳарду кишвар дар мавриди бозгаштан ё нагаштанашон ба музокира изҳори назаре накарданд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Шарифҷон Ҳусейнзодаву Савригул Қурбонова то парвози нахустин инсон ба кайҳон

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.