Раиси Сарбанд: Ду сокини ҷавони шаҳри мо дар Сурия меҷанганд

Раиси шаҳри Сарбанд Қарахони Чиллазода зимни нишасти матбуотӣ хабар дод, ки ду сокини ҷавони шаҳр, собиқ донишҷӯёни Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ дар ҷангҳои Сурия ширкат доранд. «Ин ду нафар собиқ донишҷуёни донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ буданд, ки қаблан волидайн онҳоро аз ин донишгоҳ гирифта, ба донишгоҳи исломии кишвар супурданд. Баъдан барои таҳсил ба хориҷи кишвар рафтаанд, ки […]

Сайраҳмон Назриев



Раиси шаҳри Сарбанд Қарахони Чиллазода зимни нишасти матбуотӣ хабар дод, ки ду сокини ҷавони шаҳр, собиқ донишҷӯёни Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ дар ҷангҳои Сурия ширкат доранд.

«Ин ду нафар собиқ донишҷуёни донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ буданд, ки қаблан волидайн онҳоро аз ин донишгоҳ гирифта, ба донишгоҳи исломии кишвар супурданд. Баъдан барои таҳсил ба хориҷи кишвар рафтаанд, ки онҳоро дар он ҷо гӯруҳҳои террористӣ ба худ моил намудаанд.  Нисбати ин ду нафар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ парвандаи ҷиноӣ оғоз намуданд»-  илова кард раиси шаҳр.

Қаблан Ҷаббори Ғаффор, раиси ноҳияи Бохтар низ аз марги се тан аз сокинони ноҳияи мазкур дар Сурия хабар дода буд.

«Бино ба он маълумоте, ки ба дасти мо расидааст, се тан сокинони ноҳияи мо дар ҷангҳои Сурия ширкат намуда, ҷони худро аз даст додаанд» – изҳор дошта буд раиси ноҳия.

Бино ба маълумоти расмии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон, айни замон 31 нафар сокинони ин вилоят дар минтақаҳои даргир, аз ҷумла Сурия, Ироқ ва Афғонистон меҷанганд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро Амрико аз пазириши ҳамла ба мактаби Миноб “сар мепечад” ва паёмади он чист?

Коршинос мегӯянд, пазируфтани ин ҷиноят барои Амрико пардохти товону узрхоҳии расмиро талаб мекунад.

Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад?

Имсол 115-солагии ин шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер