Қ.Қосим: Бобаки Занҷонӣ ҳеҷ гоҳ ба Тоҷикистон сармоягузорӣ накардааст

Зимни нишасти хабарии имрӯза раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Қодири Қосим изҳор намуд, ки тоҷири маъруфи эронӣ Бобаки Занҷонӣ дар Тоҷикистон ҳеҷ амволе надорад. «Бобаки Занҷонӣ дар маросими ифтитоҳи Asian Express Terminal дар Душанбе на ба сифати сармоягузор, балки меҳмони фахрӣ иштирок кард», – гуфт ӯ. Раиси Кумита ҳамчунин гуфт,  тоҷири […]

Мавзуна Абдуллоева



Зимни нишасти хабарии имрӯза раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Қодири Қосим изҳор намуд, ки тоҷири маъруфи эронӣ Бобаки Занҷонӣ дар Тоҷикистон ҳеҷ амволе надорад.

«Бобаки Занҷонӣ дар маросими ифтитоҳи Asian Express Terminal дар Душанбе на ба сифати сармоягузор, балки меҳмони фахрӣ иштирок кард», – гуфт ӯ.

Раиси Кумита ҳамчунин гуфт,  тоҷири эронӣ 12 марти соли 2013 ҳамроҳи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба сифати меҳмони фахрӣ дар маросими ифтитоҳи терминали нави Asian Express Terminal дар Душанбе иштирок кардааст. «Ӯ ҳеҷ гоҳ ба Тоҷикистон сармоягузорӣ накардааст. Ҳатто ба ин чорабинӣ низ на ба сифати сармоягузори иншоот, балки ба ҳайси меҳмони фахрӣ даъват шуда буд», – афзуд Қодири Қосим.

Мебояд гуфт, ки Бобаки Занҷонӣ воқеъан ҳам дар маросими ифтитоҳи Asian Express Terminal дар Душанбе (автовокзали Душанбе) моҳи марти соли 2013 ширкат варзида, дар аксҳои ба ин муносибат чопшуда ӯ дар паҳлӯи президент Эмомалӣ Раҳмон аст.

Қобили зикр аст, ки тайи солҳои ахир Бобаки Занҷонӣ яке аз сармоягузорони бештар мавриди баҳс дар Тоҷикистон қарор гирифт. Ӯро саҳмиядори аввали холдинги «Конт-групп Тоҷикистон» мешуморанд, ки ширкатҳои ҷудогонае чун «Asian Express Terminal», «Конт — Таъминот», «Конт-Турист», «Asian Express Airline» и «Конт-сохтмон»-ро муттаҳид месозад. Айни замон «Asian Express Airline» ва «Kont Investment bank» дар рӯйхати мавриди таҳрим қарордоштаи ИМА ва Аврупо қарор доранд.

Зимни нишасти хабарии ҷамъбасти соли гузашта раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Абдуҷаббор Ширинов изҳороти намояндагони комиссияи тафтишотии Эрон нисбати парвандаи тоҷир Бобаки Занҷонӣ оид ба аз ҷониби раҳбарияти БМТ гирифтани пораро

ҳарза унвон карда буд.

Ёдрас мекунем, ки аввали соли равон як қатор васоити ахбори умум бо истинод ба Амир Аббос Султонӣ, узви комисияи тафтишотии парвандаи миллиардери эронӣ Бобаки Занҷонӣ иттилоъ доданд, ки гӯё замоне намояндаи Занҷонӣ барои сохтакории ҳуҷчатҳои интиқоли мабалғҳои пулии ӯ ба яке аз муовинони раиси БМТ дар ҳаҷми 3 млн. доллари ИМА пора додааст.

«Ҳаҷми маблағи пулие, ки дар борааш сухан меравад, чандин маротиба аз буҷети Тоҷикистон зиёд аст ва агар воқеъан ҳам чунин ҳолат ҷой медошт, рӯйпӯш кардани интиқоли чунин миқдор маблағ хеле мушкил аст. Мо 

чандин маротиба изҳор кардем

 ва бори дигар изҳор менамоем, ки Бонки миллии Тоҷикистон ба ин мабалғ ҳеҷ муносибате надорад», – гуфт Абдуҷаббор Ширинов.

Қобили зикр аст, ки Бобаки Занҷонӣ 30-юми декабри соли 2013 дар Эрон боздошт шуд. Ҳукуматдорони Эрон ӯро ба азхудкунии 2 млрд. 60 млн. еврои мутааллиқ ба Вазорати нафти Эрон муттаҳам медонанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Сохтмон

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 апрели соли 2026

Аз даргузашти Раҳмон Набиев ва Ҷалол Икромӣ то Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории паркинсон

“Бештар китоби русӣ мехаранд”. Оё китоби кӯдакона бо забони тоҷикӣ харидор дорад?

Китобфурӯшон мегӯянд, китобҳои босифати кӯдакон бо забони тоҷикӣ бештар шудаанд.

Дар Русия мехоҳанд “баҳонаҳо” барои ихроҷи муҳоҷиронро ду баробар зиёд кунанд

Агар ин тарҳ қабул шавад, муҳоҷирон ҳатто барои изҳори назар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Русия берун хоҳанд шуд.

Бонки осиёии рушд болоравии иқтисоди Тоҷикистонро дар соли равон 7,3% пешгӯӣ мекунад

Ин ниҳоди байнулмилалии молиявӣ нақши калидии саноатро барои рушди устувор зикр кардааст.