Ифтитоҳи Коллеҷи милитсияи ВКД дар шаҳри Кӯлоб

Имрӯз дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, муовини Раиси вилояти Хатлон Раҷабов Раҷабалӣ Сайфиддинович, Раиси шаҳри Кӯлоб Раҳмонзода Абдуғафор, собиқадорони мақомот, ҳайати устодону курсантон ва дигар меҳмонони расмӣ маросими кушодашавии Коллеҷи милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, дар маросими […]

ASIA-Plus



Имрӯз дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, муовини Раиси вилояти Хатлон Раҷабов Раҷабалӣ Сайфиддинович, Раиси шаҳри Кӯлоб Раҳмонзода Абдуғафор, собиқадорони мақомот, ҳайати устодону курсантон ва дигар меҳмонони расмӣ маросими кушодашавии Коллеҷи милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, дар маросими ифтитоҳи Коллеҷи милитсия Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода баромад намуда, зикр кард, ки «Қабл аз ҳама шумо шогирдони азиз, курсантони Коллеҷи милитсияро, ки аз аввалин шогирдон ва таҳсилкунандагони ин муассисаи таълимӣ ҳастед, ба муносибати ифтитоҳи бинои наву замонавии Коллеҷи милитсия самимона муборакбод мегӯям ва барои чунин эътимоду боварӣ ва ғамхорӣ шуморо зарур аст, ки бо рафтори намунавӣ ва дониши хубу аъло таҳсилро идома, дода  фардо мутахассиси ин соҳа гардед».

Бояд зикр намуд, ки Коллеҷи милитсияи Вазорати корҳои дохилӣ бо Қарори Ҳукумати ҶТ аз 7-уми августи соли 2014  таъсис дода шуда, айни замон зиёда аз 100 нафар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Муддати таҳсил дар коллеҷ  чорсола буда, дар он асосан фарзандони кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки ҳангоми адои вазифа фавтидаанд, инчунин оилаҳои бесаробон монда ва ятимон таҳсил мекунанд. Хатмкунандагон баъди хатми Коллеҷ метавонанд дар Академияи Вазорати корҳои дохилӣ таҳсилашонро идома диҳанд ва ё дар сафи мақомот ба кор қабул гарданд.  

Коллеҷи мазкур довталабонро пас аз хатми таҳсилоти миёнаи нопурра (баъди синфи 9) ва таҳсилоти ҳамагонӣ (баъди синфи 11) аз ятимхонаҳо, мактаб-интернатҳо ва мактабҳои таҳсилоти умумӣ қабул менамояд.

Дар коллеҷ хонандагон аз фанҳои асосҳои давлат ва ҳуқуқ, забонҳои хориҷӣ, даабиёт ва ғайра маълумот гирифта, ҳамзамон дар рӯҳияи инсондӯстӣ, садоқат ба давлату миллат, эҳтиром ба арзишҳои олии Ватан, инчунин тарбияиҳарбӣ-ватандӯстӣ дар давоми 4 ва 2 сол таълим мегиранд.

Дар идомаи чорабинӣ маросими савгандёдкунӣ ва марши тантанавӣ баргузор гардида, курсантони Коллеҷи милитсия бонавбат қасам ёд карданд, ки ба халқу Ватан шарафмандона хизмат хоҳанд кард.

Дар хотимаи ҷамъомад аз номи Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Коллеҷи милитсияи Вазорати корҳои дохилӣ ду автомашинаи сабукрав ва тӯҳфаҳои қимматнок, аз қабили компютер, принтер, телевизор, кондитсионер, таҷҳизотҳои гармидиҳанда, тефал, дарзмол ва дигар лавозимоти зарурӣ тақдим карда шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.