Қарзи «Барқи тоҷик» назди нерӯгоҳҳои Сангтӯда ба беш аз 115 млн. $ расид

Ба аввали соли равон қарзи умумии ширкати «Барқи тоҷик» назди нерӯгоҳҳои «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2» тақрибан 630 млн. сомонӣ (беш аз 115 млн. $)-ро ташкил дод. Раиси ширкати «Барқи тоҷик» Раҳматзода Рустам Мирзо зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки ба ҳолати 1-уми январи соли 2015 қарзи ширкат назди нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» ба ҳудуди 440 […]

Пайрав Чоршанбиев



Ба аввали соли равон қарзи умумии ширкати «Барқи тоҷик» назди нерӯгоҳҳои «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2» тақрибан 630 млн. сомонӣ (беш аз 115 млн. $)-ро ташкил дод.

Раиси ширкати «Барқи тоҷик» Раҳматзода Рустам Мирзо зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки ба ҳолати 1-уми январи соли 2015 қарзи ширкат назди нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» ба ҳудуди 440 млн. сомонӣ ва нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» каме бештар аз 190 млн. сомонӣ расидааст.

Ӯ қайд кард, ки соли гузашта ширкат 82,3 млн. сомонӣ қарзи нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» ва 37,2 млн. сомонӣ қарзи нерӯгоҳи «Сангтӯда-2»-ро пардохт намуда, мувофиқа ҳосил шудааст, ки «Барқи тоҷик» ҳар моҳ ба ин нерӯгоҳҳо мутаносибан дар ҳаҷми 15 млн. сомонӣ ва 5 млн. сомонӣ маблағи қарзҳоро пардохт мекунад.

Ба гуфтаи Раҳматзода, ширкат назди ҶСК «Ориёнбонк» низ қарзи зиёд дорад (706 млн. сомонӣ), ки ин маблағҳо барои харидорӣ ва ҳамлу нақли ангишт ва ҳамчунин харидории мазут ҷалб шуда буданд.

Зимнан зикр гардид, ки ҳаҷми қарзи ширкат аз ҳисоби созишномаҳои қарзии бо кафолати ҳукумати кишвар баимзорасида ба аввали соли ҷорӣ 3,6 млрд .сомониро ташкил медиҳад. «Дар ҳамин ҳол, айни замон маблағи қарзи КВД «Ширкати алюминии тоҷик» ба ширкати «Барқи тоҷик» 376,7 млн. сомонӣ ва қарзи аҳолӣ бо назардошти қарзи солҳои пешин тақрибан 356 млн. сомониро ташкил медиҳад», – афзуд номбурда.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Сохтмон

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 апрели соли 2026

Аз даргузашти Раҳмон Набиев ва Ҷалол Икромӣ то Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории паркинсон

“Бештар китоби русӣ мехаранд”. Оё китоби кӯдакона бо забони тоҷикӣ харидор дорад?

Китобфурӯшон мегӯянд, китобҳои босифати кӯдакон бо забони тоҷикӣ бештар шудаанд.

Дар Русия мехоҳанд “баҳонаҳо” барои ихроҷи муҳоҷиронро ду баробар зиёд кунанд

Агар ин тарҳ қабул шавад, муҳоҷирон ҳатто барои изҳори назар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Русия берун хоҳанд шуд.

Бонки осиёии рушд болоравии иқтисоди Тоҷикистонро дар соли равон 7,3% пешгӯӣ мекунад

Ин ниҳоди байнулмилалии молиявӣ нақши калидии саноатро барои рушди устувор зикр кардааст.