Баррасии масъалаи кумаки низомиву техникии Русия ба Тоҷикистон

Вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо имрӯз ҳайати низомии Русия таҳти сарварии муовини вазири мудофиаи Русия Анатолий Антоновро, ки бо сафари серӯза ба Душанбе ташриф оварданд, ба ҳузур пазируфт. Котиби матбуотии Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадалиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки зимни мулоқоти ҳайатҳои низомии ҷонибҳо ба масъалахои амалисозии тавофуқоти қаблан ҳосилшуда […]

Аваз Юлдошев



Вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо имрӯз ҳайати низомии Русия таҳти сарварии муовини вазири мудофиаи Русия Анатолий Антоновро, ки бо сафари серӯза ба Душанбе ташриф оварданд, ба ҳузур пазируфт.

Котиби матбуотии Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадалиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки зимни мулоқоти ҳайатҳои низомии ҷонибҳо ба масъалахои амалисозии тавофуқоти қаблан ҳосилшуда миёни кишварҳо оид ба ҳамкориҳои низомиву техникӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуд. «Дар ҷараёни гуфтушунидҳои минбаъда ҷонибҳо масъалаи расонидани кумаки низомиву техникии Русия ба Тоҷикистонро батафсил таҳлилу баррасӣ мекунанд», – гуфт ӯ.

Бино ба иттилои як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон, дар назар аст, ки ҳайати низомии Русия таҳти сарварии Анатолий Антоновро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур мепазирад.

Қобили зикр аст, ки зимни сафар ба Тоҷикистон ҳайати ҳарбии Русия аз қисмҳои низомии ҷудогонаи Артиши миллии Тоҷикистон ва пойгоҳи низомии 2101-уми Русия дар Тоҷикистон боздид мекунад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Сохтмон
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 апрели соли 2026

Аз даргузашти Раҳмон Набиев ва Ҷалол Икромӣ то Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории паркинсон

“Бештар китоби русӣ мехаранд”. Оё китоби кӯдакона бо забони тоҷикӣ харидор дорад?

Китобфурӯшон мегӯянд, китобҳои босифати кӯдакон бо забони тоҷикӣ бештар шудаанд.

Дар Русия мехоҳанд “баҳонаҳо” барои ихроҷи муҳоҷиронро ду баробар зиёд кунанд

Агар ин тарҳ қабул шавад, муҳоҷирон ҳатто барои изҳори назар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Русия берун хоҳанд шуд.

Бонки осиёии рушд болоравии иқтисоди Тоҷикистонро дар соли равон 7,3% пешгӯӣ мекунад

Ин ниҳоди байнулмилалии молиявӣ нақши калидии саноатро барои рушди устувор зикр кардааст.

Бонки исломии рушд барои тавсеаи бахши сайёҳӣ ва омӯзиши соҳибкорӣ ба Тоҷикистон беш аз $18 млн медиҳад

Беш аз 9,5 млн доллари он қарз буда, ҳоло шарту шароити гирифтани он маълум нест.