Иштироки 5 нозир аз Тоҷикистон дар маъракаи интихоботи президенти Ӯзбекистон

Дар маъракаи интихоботи президенти Ӯзбекистон, ки ба рӯзи 29-уми март таъин шудааст, панҷ намоянда аз Тоҷикистон ба сифати нозир ширкат меварзанд. Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додозода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ҳайати нозирони тоҷик дар ин маъракаи интихоботии кишвари ҳамсоя аз ёвари президент оид ба масоили ҳуқуқӣ Ҷумъа Давлатов, узви КМИР […]

ASIA-Plus



Дар маъракаи интихоботи президенти Ӯзбекистон, ки ба рӯзи 29-уми март таъин шудааст, панҷ намоянда аз Тоҷикистон ба сифати нозир ширкат меварзанд.

Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додозода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ҳайати нозирони тоҷик дар ин маъракаи интихоботии кишвари ҳамсоя аз ёвари президент оид ба масоили ҳуқуқӣ Ҷумъа Давлатов, узви КМИР ҶТ Мамадёр Раҷабов, муовини сардори Раёсати ҳамкории байнулмилалии Дастгоҳи иҷроияи президенти ҶТ Суҳроб Олимзода, мудири кафедраи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Иззатулло Маҳмудов ва котиби матбуотии КМИР Тоҷикистон Фирдавс Табаров иборат аст.

Дар маъракаи интихоботии мазкур чор номзад – аз Ҳизби либерал-демократии Ӯзбекистон президенти кунунӣ Ислом Каримов, аз Ҳизби халқӣ-демократии Ӯзбекистон раиси Шӯрои марказии ин ҳизб Ҳотамҷон Кетмонов, аз Ҳизби сотсиал-демократии «Адолат»-и Ӯзбекистон раиси Шӯрои сиёсӣ ва Кумитаи иҷроияи ҳизб Наримон Умаров ва аз Ҳизби демократии «Миллий тикланиш»-и Ӯзбекистон узви фраксия дар парлумон Акмал Саидов ба мансаби президентӣ дар Ӯзбекистон довталабӣ мекунанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Сохтмон
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 апрели соли 2026

Аз даргузашти Раҳмон Набиев ва Ҷалол Икромӣ то Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории паркинсон

“Бештар китоби русӣ мехаранд”. Оё китоби кӯдакона бо забони тоҷикӣ харидор дорад?

Китобфурӯшон мегӯянд, китобҳои босифати кӯдакон бо забони тоҷикӣ бештар шудаанд.

Дар Русия мехоҳанд “баҳонаҳо” барои ихроҷи муҳоҷиронро ду баробар зиёд кунанд

Агар ин тарҳ қабул шавад, муҳоҷирон ҳатто барои изҳори назар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Русия берун хоҳанд шуд.

Бонки осиёии рушд болоравии иқтисоди Тоҷикистонро дар соли равон 7,3% пешгӯӣ мекунад

Ин ниҳоди байнулмилалии молиявӣ нақши калидии саноатро барои рушди устувор зикр кардааст.

Бонки исломии рушд барои тавсеаи бахши сайёҳӣ ва омӯзиши соҳибкорӣ ба Тоҷикистон беш аз $18 млн медиҳад

Беш аз 9,5 млн доллари он қарз буда, ҳоло шарту шароити гирифтани он маълум нест.