Оғози таҳияи Стратегияи нави рушди саноати нассоҷӣ ва дӯзандагӣ дар Тоҷикистон

Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ҳамроҳ бо Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) силсилаи машваратҳоро бо ҷалби ҷонибҳои манфиатдор ҷиҳати таҳияи Стратегияи нави панҷсолаи рушди саноати нассоҷӣ ва дӯзандагӣ дар Тоҷикистон оғоз карданд. Тавре аз МТБ хабар доданд, нахустин давраи фаннии машваратию омӯзишӣ бо иштироки намояндагони ниҳодҳои марбутаи давлатӣ, созмонҳои байнулмилалӣ ва бахши хусусӣ рӯзҳои 27-28-уми […]

ASIA-Plus



Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ҳамроҳ бо Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) силсилаи машваратҳоро бо ҷалби ҷонибҳои манфиатдор ҷиҳати таҳияи Стратегияи нави панҷсолаи рушди саноати нассоҷӣ ва дӯзандагӣ дар Тоҷикистон оғоз карданд.

Тавре аз МТБ хабар доданд, нахустин давраи фаннии машваратию омӯзишӣ бо иштироки намояндагони ниҳодҳои марбутаи давлатӣ, созмонҳои байнулмилалӣ ва бахши хусусӣ рӯзҳои 27-28-уми январи соли 2015 дар меҳмонхонаи Шератон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Ин ибтикор аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҳамкориҳои тиҷоратӣ дар Тоҷикистон маблағгузорӣ мешавад.

Маркази тиҷорати байнулмилалӣ дар соли 2009 низ ба Тоҷикистон дар таҳияи Стратегияи рушди содироти маҳсулоти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ барои солҳои 2010-2013 мусоидат расонида буд. Шавкат Бобозода, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, натиҷаҳои стратегияи қаблиро муваффақ номида, сатҳи баланди иҷроиши баъзе нуктаҳои стратегияи мазкурро қайд кард ва ҷиҳати истифодаи ҳатмии донишҳои андӯхта аз таҷрибаи қаблӣ барои панҷсолаи баъдӣ таъкид намуд.

Ҷаноби Бобозода мегӯяд: “Стратегияи қаблӣ барои ҳамоҳангсозии талошҳо ва коргирӣ аз равиши ягонаи ҳалли масъалаҳои муайяншуда заминаи муҳим фароҳам оварда буд. Мо низоми мудирияти сифатро дар баъзе ширкатҳои нассоҷӣ ва дӯзандагӣ беҳтар кардем, сатҳи огоҳии мутахассисони тоҷикро доир ба талаботи муосири бозор боло бурдем, ба бозорҳову харидорони нав роҳ кушодем, ва ҳамчунин, ном ва ҳузури худро дар бозорҳои берунӣ тақвият бахшидем”.

Эрик Бушо, корманди аршади шӯъбаи стратегияи содирот дар дафтари марказии МТБ дар Женева, мегӯяд: “Бо назардошти дастовардҳо ва камбудиҳо аз стратегияи қаблӣ, мо ҳоло бояд талош бикунем, то Стратегияи рушди саноати нассоҷиву дӯзандагӣ дар Тоҷикистон аз нигоҳи стратегӣ бомавқеъ бошад ва тавоноии мусоидат ба зуҳури як муҳити рақобатпазирро, ки хоси ин соҳа аст, дошта бошад. Дар машварати нахустин аз ҳама иштироккунандаҳо даъват мешавад, то дар мавриди вазъи феълии соҳа, мушкилоти асосӣ дар роҳи боло бурдани сатҳи рақобатпазирӣ, ва самтҳои стратегии лозима ҷиҳати фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди саноати нассоҷӣ ва дӯзандагӣ ба хулосаи ягона бирасанд. Сармоягузорӣ дар ҷиҳати ҷорӣ намудани технологияҳои пешрафта ва боло бурдани сатҳи самаранокии истеҳсолот тавассути омӯзишу рушди захираҳои инсонӣ намунае аз роҳҳо ба сӯи ин ҳадаф ба ҳисоб мераванд”.

Маркази тиҷорати байнулмилалӣ баҳогузории аввалияи соҳаро ба анҷом расонидааст, ки натиҷаҳояш дар муайян кардани мушкилоти рақобатпазирӣ ва имкониятҳо барои рушди соҳа бо истифода аз равиши бозорӣ асос мегарданд. Дар машварати нахустин натиҷаҳои муқаддамотии вазъи соҳаи насоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон, ки аз ҷониби МТБ гузаронида шудааст, таҳлил ва тасдиқ мешаванд, самтҳои афзалиятнок ва имкониятҳои то ҳанӯз истифоданашуда муайян мегарданд, ва нақшаи аввалияи стратегии иҷроиш таҳия мешавад.

Қобили зикр аст, ки Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Дурнамои Ҳамкории худ барои солҳои 2012 -2015 таваҷҷуҳи худро дар Тоҷикистон ба чаҳор соҳа: саломатӣ, авлавияти қонун, ироаи оби ошимиданӣ ва беҳдоштӣ, ва рушди бахши хусусӣ равона кардааст. Ҳадафи умумии барномаҳои ҳамкории Швейсария дар Тоҷикистон пуштибонӣ аз раванди гузариш дар кишвар ба василаи саҳмгузорӣ дар рушди иқтисод мебошад, ки барои расидан ба ин ҳадаф аз мусоидат дар бунёди сохтор ва низомҳои посухгӯи ниёзҳои мардум кор гирифта мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Сохтмон
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 апрели соли 2026

Аз даргузашти Раҳмон Набиев ва Ҷалол Икромӣ то Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории паркинсон

“Бештар китоби русӣ мехаранд”. Оё китоби кӯдакона бо забони тоҷикӣ харидор дорад?

Китобфурӯшон мегӯянд, китобҳои босифати кӯдакон бо забони тоҷикӣ бештар шудаанд.

Дар Русия мехоҳанд “баҳонаҳо” барои ихроҷи муҳоҷиронро ду баробар зиёд кунанд

Агар ин тарҳ қабул шавад, муҳоҷирон ҳатто барои изҳори назар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Русия берун хоҳанд шуд.

Бонки осиёии рушд болоравии иқтисоди Тоҷикистонро дар соли равон 7,3% пешгӯӣ мекунад

Ин ниҳоди байнулмилалии молиявӣ нақши калидии саноатро барои рушди устувор зикр кардааст.