Дастури раиси пойтахт оид ба дақиқ кардани воқеияти истеҳсол ва таъмини иншоотҳо бо гармӣ

Рӯзи 26 январи соли 2015 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе бо иштироки роҳбарони субъектҳои хоҷагидории шаҳр ҷаласаи васеи кории шаҳрдорӣ баргузор гардид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории Душанбе, дар ҷаласа раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев барномаҳои амали шаҳрдориро барои соли ҷорӣ мушаххас карда, муқаррар сохт, ки дар муҳлати як ҳафта […]

ASIA-Plus



Рӯзи 26 январи соли 2015 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе бо иштироки роҳбарони субъектҳои хоҷагидории шаҳр ҷаласаи васеи кории шаҳрдорӣ баргузор гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории Душанбе, дар ҷаласа раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев барномаҳои амали шаҳрдориро барои соли ҷорӣ мушаххас карда, муқаррар сохт, ки дар муҳлати як ҳафта нақшаи фаъолияти тамоми субъектҳои шаҳрию ноҳиявӣ дар иртибот ба татбиқ намудани онҳо тарҳрезӣ ва барои тасдиқ ба раиси шаҳр пешниҳод карда шавад.

Гуфта мешавад, раиси шаҳр ҳолати зимистонгузаронӣ ва аз рӯи имкониятҳои сохторҳои зертавозуни ШСХК «Барқи Тоҷик» дар мавсим бо гармӣ таъмин намудани иншооти нақшавиро мавриди баррасӣ қарор дода, масъулини шаҳрдориро вазифадор сохт, ки дар ҳамкорӣ бо роҳбарони субъектҳои истеҳсолкунанда ва назорати давлатӣ воқеияти истеҳсол ва таъминоти иншоотҳо бо гармиро дақиқ намоянд.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа ҳамзамон баҳри дастгирии соҳибкорӣ ва мақсаднок истифодабарии моликияти коммуналии ба иҷорасупоридашаванда муқаррар карда шуд, ки муҳлати шартномаҳои иҷора дар асоси тафоҳуми тарафҳо бо назардошти  сатҳи солонаи таваррум, шурӯъ аз соли ҷорӣ аз 5 то 10 сол пешбинӣ карда шавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.