– Бар асари ҳамла ба меҳмонхонаи «Коринтия» дар пойтахти Либия ва таркиш дар он се нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳалокат расиданд, – хабар медиҳад
СNN
бо истинод ба васоити ахбори умуми Либия.
Бино ба иттилои манбаъ, бар асари ин амали террористӣ дар маҷмӯъ 5 нафар шаҳрвандони хориҷӣ – 1 шаҳрванди ИМА, 1 шаҳрванди Фаронса ва 3 шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расидаанд. Дар бораи шахсияти ҳалокшудагон алҳол маълумот дастрас нест. Ҳамчунин дар баробари онҳо боз 5 шаҳрванди Либия ҳам ҳалок шудаанд.
Масъулияти ин амали террористиро дар меҳмонхонаи шаҳри Триполи филиали Давлати исломӣ дар Либия ба дӯш гирифтааст.
Аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки дар ин бора алҳол ҳеҷ маълумоте дар даст надошта, тасдиқ ё инкори ин хабарро аз намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар кишварҳои арабӣ мунтазиранд.
Дар ҳамин ҳол,
ТАСС
бо истинод ба хабаргузории Afrigatenews иттилоъ медиҳад, ки бар асари ҳамла ба меҳмонхонаи «Коринтия» дар пойтахти Либия 11 нафар ба ҳалокат расидаанд, ки 5 нафарашон шаҳрвандони хориҷӣ ва 6 нафарашон кормандони меҳмонхона мебошанд. Тибқи маълумоти сохторҳои қудратӣ, миёни ҳалокшудагон аз ҳисоби шаҳрвандони хориҷӣ 1 амрикоӣ, 1 фаронсавӣ, ду нафар шаҳрвандони Филиппин ва 1 шаҳрванди Кореяи Ҷанубӣ ҳузур доштаанд.



