Ба нашри рекламаи пешазинтихоботии ҲНИТ дар пойтахт иҷоза нашуд

Мақомоти шаҳрдории Душанбе нашру ҷойгиркунии рекламаи пешазинтихоботии ҲНИТ дар пойтахтро расман рад карда, онро «сиёсӣ» унвон кард. Сухангӯи ҲНИТ Маҳмудҷон Файзраҳмонов ба Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ба дархости расмии раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ дар ин хусус аз номи муовини раиси пойтахт Руқия Қурбонова посух расидааст. «Муовини раиси пойтахт дар посухи худ таъкид […]

Аваз Юлдошев



Мақомоти шаҳрдории Душанбе нашру ҷойгиркунии рекламаи пешазинтихоботии ҲНИТ дар пойтахтро расман рад карда, онро «сиёсӣ» унвон кард.

Сухангӯи ҲНИТ Маҳмудҷон Файзраҳмонов ба Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ба дархости расмии раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ дар ин хусус аз номи муовини раиси пойтахт Руқия Қурбонова посух расидааст.

«Муовини раиси пойтахт дар посухи худ таъкид месозад, ки қонуни Тоҷикистон «Дар бораи интихобот ба Маҷлиси Олии ҶТ» ба баргузории таблиғоти пешазинтихоботӣ тариқи ВАО, чорабиниҳои оммавӣ, нашр ва паҳнкунии маҳсулоти чопӣ иҷоза медиҳад, вале дар он ҷойгиркунии рекламаи пешазинтихоботӣ дар кӯчаҳои шаҳру ноҳияҳо пешбинӣ нашудааст ва дар меъёрҳои қонун «Дар бораи реклама» низ роҳу воситаҳои паҳнкунии рекламаи сиёсӣ зикр наёфтааст», – иброз дошт ӯ.

Қобили зикр аст, ки дар маъракаҳои интихоботии қаблии ҳам президентиву ҳам парлумонӣ дар Тоҷикистон ин қабил манъкуниҳои ҷойгиркунии шиору лавҳаҳои пешазинтихоботии тамоми аҳзоби сиёсӣ ҷой надошт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад?

Имсол 115-солагии ин шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.