CNN: Ҳалокати 3 тоҷикистонӣ зимни таркиш дар Триполи

– Бар асари ҳамла ба меҳмонхонаи «Коринтия» дар пойтахти Либия ва таркиш дар он се нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳалокат расиданд, – хабар медиҳад СNN бо истинод ба васоити ахбори умуми Либия. Бино ба иттилои манбаъ, бар асари ин амали террористӣ дар маҷмӯъ 5 нафар шаҳрвандони хориҷӣ – 1 шаҳрванди ИМА, 1 шаҳрванди Фаронса ва […]

ASIA-Plus



– Бар асари ҳамла ба меҳмонхонаи «Коринтия» дар пойтахти Либия ва таркиш дар он се нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳалокат расиданд, – хабар медиҳад


СNN


бо истинод ба васоити ахбори умуми Либия.

Бино ба иттилои манбаъ, бар асари ин амали террористӣ дар маҷмӯъ 5 нафар шаҳрвандони хориҷӣ – 1 шаҳрванди ИМА, 1 шаҳрванди Фаронса ва 3 шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расидаанд. Дар бораи шахсияти ҳалокшудагон алҳол маълумот дастрас нест. Ҳамчунин дар баробари онҳо боз 5 шаҳрванди Либия ҳам ҳалок шудаанд.

Масъулияти ин амали террористиро дар меҳмонхонаи шаҳри Триполи филиали Давлати исломӣ дар Либия ба дӯш гирифтааст.

Аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки дар ин бора алҳол ҳеҷ маълумоте дар даст надошта, тасдиқ ё инкори ин хабарро аз намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар кишварҳои арабӣ мунтазиранд.

Дар ҳамин ҳол,

ТАСС

бо истинод ба хабаргузории Afrigatenews иттилоъ медиҳад, ки бар асари ҳамла ба меҳмонхонаи «Коринтия» дар пойтахти Либия 11 нафар ба ҳалокат расидаанд, ки 5 нафарашон шаҳрвандони хориҷӣ ва 6 нафарашон кормандони меҳмонхона мебошанд. Тибқи маълумоти сохторҳои қудратӣ, миёни ҳалокшудагон аз ҳисоби шаҳрвандони хориҷӣ 1 амрикоӣ, 1 фаронсавӣ, ду нафар шаҳрвандони Филиппин ва 1 шаҳрванди Кореяи Ҷанубӣ ҳузур доштаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад?

Имсол 115-солагии ин шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.