Президент муовини вазири мудофиаи Русияро ба ҳузур пазируфт

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон муовини вазири мудофиаи Федератсияи Русия Анатолий Антоновро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили вобаста ба ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникии Тоҷикистону Русия, хусусан барои пурзӯр намудани ҳифзи марзи давлатӣ бо Афғонистон ва таҳкими омодагии зиддитеррористӣ баррасӣ шуд. Таваҷҷуҳи асосӣ ба роҳҳои татбиқи амалии созишномаю […]

ASIA-Plus



Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон муовини вазири мудофиаи Федератсияи Русия Анатолий Антоновро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили вобаста ба ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникии Тоҷикистону Русия, хусусан барои пурзӯр намудани ҳифзи марзи давлатӣ бо Афғонистон ва таҳкими омодагии зиддитеррористӣ баррасӣ шуд.

Таваҷҷуҳи асосӣ ба роҳҳои татбиқи амалии созишномаю тавофуқоти дуҷонибаи Тоҷикистону Русия дар ин самти ҳамкорӣ ва ҳам қарорҳои дар доираи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил қадулшуда зоҳир гардид.

Сарвари давлати Тоҷикистон таъкид дошт, ки тавофуқоти дар сатҳи олии сиёсӣ ва миёни сохторҳои дахлдори ду кишвар ҳосилшуда бояд пурра ва саривақт иҷро шаванд, зеро ба амнияту суботи муътамад дар минтақаи мо Русия ва дигар кишварҳои пасошӯравӣ ҳам манфиатдоранд.

Гуфтугӯйи судманд доир ба авзои кунунӣ ва дурнамои эҳтимолӣ дар минтақа ва ҷаҳон, хусусан ба ояндаи Афғонистон пас аз хуруҷи нерӯҳои байналмилалии посдори сулҳ сурат гирифт.

Таъкид гардид, ки шарикии стратегии Тоҷикистону Русия барои ҳарду ҷониб ва кулли минтақа судовар аст ва аз ин хотир минбаъд боз ҳам таҳким ва густариш хоҳад ёфт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Сохтмон
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Иқтисоди Тоҷикистон дар соли равон аз кадом ҳисоб рушд мекунад?

Сарфи назар аз пешгӯиҳои мусбат, шарикони рушд интизорӣ доранд, ки иқтисоди Тоҷикистон бо як қатор хавфу чолишҳо дучор мешавад.

Музокироти Эрон ва Амрико бидуни дастёбӣ ба созиш поён ёфт

Он беш аз 20 соат идома кард ва ҳарду кишвар дар мавриди бозгаштан ё нагаштанашон ба музокира изҳори назаре накарданд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Шарифҷон Ҳусейнзодаву Савригул Қурбонова то парвози нахустин инсон ба кайҳон

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.