ҲХДТ: Даст кашидани баъзе номзадҳои мо аз идомаи рақобат ҳуқуқи онҳост

– Далели дар ҳавзаи якмандатии интихоботии Ҳисор сабт нашудани ҳеҷ номзад ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон аз ҷониби Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) ва номзадии худро бозпас гирифтани намояндаи ҳизб дар ҳавзаи якмандатии интихоботии Фархор маънои онро надорад, ки ҳизби ҳоким ба рақибони сиёсии худ баъзе гузаштҳо мекунад, – иброз дошт дар мусоҳиба ба […]

Аваз Юлдошев



– Далели дар ҳавзаи якмандатии интихоботии Ҳисор сабт нашудани ҳеҷ номзад ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон аз ҷониби Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) ва номзадии худро бозпас гирифтани намояндаи ҳизб дар ҳавзаи якмандатии интихоботии Фархор маънои онро надорад, ки ҳизби ҳоким ба рақибони сиёсии худ баъзе гузаштҳо мекунад, – иброз дошт дар мусоҳиба ба хабарнигори «Азия-Плюс» Усмон Солеҳ, мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Дастгоҳи КИМ ҲХДТ.

Ба гуфтаи ӯ, гузаштҳо кардан дар маъракаи интихоботӣ барои ҳеҷ як ҳизби сиёсӣ мантиқӣ нест. «Мо намояндагони беҳтарини худро номзад ба вакилӣ пешбарӣ мекунем, вале бозпас хондании номзадӣ ҳуқуқи худи онҳост», – қайд кард номбурда.

Ёдрас мекунем, ки ба интихоботи парлумонии ба санаи 1 март таъиншуда ҲХДТ дар ҳамаи 41 ҳавзаи якмандатии интихоботӣ номзадҳои худро пешбарӣ кард, вале дар остонаи интихобот номзадҳо аз Ҳисор ва Фархор аз идомаи рақобат даст кашиданд.

Дар ҳавзаи якмандатии интихоботии Фархор акнун рақобат барои соҳиб шудан ба курсии вакилӣ дар парлумонро раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон Саидҷаъфар Исмонов, намояндаи ҲНИТ Зайниддин Юсуфов ва номзади худпешбаришуда Юсуфхон Сайиддинов идома медиҳанд.

Дар ҳавзаи якмандатии Ҳисор мубориза барои курсии вакилиро узви ҲИИТ, вакили амалкунандаи палатаи поёнии парлумон Шарофиддин Сироҷов, раиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи Ҳисор Маҳмаднабӣ Бердиев ва намояндаи Ҳизби аграрии Тоҷикистон Субҳон Сатторов давом медиҳанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

BIMA Life дар Душанбе дафтари кории навашро боз кард

Дар маркази шаҳри Душанбе дафтари нави BIMA Life ба...

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.