Ҳаракати нақлиёт дар роҳи Душанбе – Хуҷанд шабона манъ шуд

Дар робита ба обуҳавои номусоид, мақомоти Бозрасии давлатии автомобилии ВКД Тоҷикистон дар бораи аз 24 феврал шабона манъ кардани ҳаракати воситаҳои нақлиёт тариқи роҳи мошингарди Душанбе – Хуҷанд то ба эътидол омадани вазъ дар роҳҳо тасмим гирифт. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Раёсати БДА ВКД Тоҷикистон хабар дод. Бино ба маълумоти Кумитаи […]

Аваз Юлдошев



Дар робита ба обуҳавои номусоид, мақомоти Бозрасии давлатии автомобилии ВКД Тоҷикистон дар бораи аз 24 феврал шабона манъ кардани ҳаракати воситаҳои нақлиёт тариқи роҳи мошингарди Душанбе – Хуҷанд то ба эътидол омадани вазъ дар роҳҳо тасмим гирифт. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Раёсати БДА ВКД Тоҷикистон хабар дод.

Бино ба маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ, тайи рӯзҳои ахир бар асари тармафароӣ дар роҳи мазкур 5 тан ҷони худро аз даст доданд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аз шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар даъват мекунад, ки то рӯзи 26 феврал аз сафар тавассути роҳҳои мошингард дар манотиқи кӯҳистон худдорӣ кунанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.