Масъулони Хуҷанд ба тақвияти корҳо дар самти пешгирии ҷиноятҳо уҳдадор шуданд

Рӯзи 24 феврал таҳти раёсати раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо иштироки муовинони раиси шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, қудратӣ, раисони кумитаҳои маҳаллаҳо, директорони мактабҳои миёна, имомхатибони масоҷид ва дигар фаъолон ҷаласаи корӣ доир гардид. Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории Хуҷанд, ба  баррасии кори ҷаласа масъалаҳои рафти иҷроиши «Барномаи давлатии мубориза бо ҷинояткорӣ дар […]

ASIA-Plus



Рӯзи 24 феврал таҳти раёсати раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо иштироки муовинони раиси шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, қудратӣ, раисони кумитаҳои маҳаллаҳо, директорони мактабҳои миёна, имомхатибони масоҷид ва дигар фаъолон ҷаласаи корӣ доир гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории Хуҷанд, ба  баррасии кори ҷаласа масъалаҳои рафти иҷроиши «Барномаи давлатии мубориза бо ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015», Иҷроиши қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз 8 майи соли 2009,№332 «Оид ба пешигирӣ ва профилактикаи ҳодисаҳои худкушӣ ва сӯиқасд ба он», рафти тайёрӣ ба даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ барои соли 2015 ва сатҳи иҷроиши қарори Раиси шаҳри Хучанд аз 28 июни соли 2013 № 324 «Дар бораи тасдиқ намудани ҳайати Комиссияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд оид ба таъмини бехатарии ҳаракати дар роҳҳои шаҳр» гузошта шуд.

Аз рӯи масъалаи якум Прокурори шаҳри Хуҷанд Мирзозода Қурбон Тӯйхон баромад намуд. Маърӯзачӣ доири сатҳи ҷинояткорӣ, омилҳои сар задан ва раванду тамоюлҳои вобастаи он сухан гуфта, дар мавриди зиёд гаштани чанд намуди ҷиноткорӣ аз қабили истифода ва харидуфурӯши маводи мухаддир, ҷиноятсодиркунӣ байни нобилиғон, даллагӣ ва амалу ҷиноятҳои ғайриахлоқӣ изҳори нигаронӣ намуд.

Раиси шаҳр доир ба пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкунӣ, гаравидани шаҳрвандон ба хусус ҷавнон ба сафи гурӯҳҳои тундгаро масъулони соҳаҳои маориф, ҷавонон, кумитаҳои маҳаллаҳо ва бахши занонро вазифадор намуд,ки нақшаи мушаххаси кории худро дар ин самт таҳия намоянд.

Дар иловаи маърӯза раиси Шӯрои уламои дини вилоят Ҳоҷӣ Ҳусейн Мӯсозода баён дошт,ки беҳтарин амал ин пешгирӣ намудани ҷиноят аст. Ходимони дин низ дар ин ҷода бо кулли фаъолони шаҳр мақсади ягона доранд.

Муовини раиси шаҳр Умедахон Муродова аз рӯи масъалаи дуюм баромад намуда, ба ҳозирон сабабҳои сар задании хушунат ва паёмадҳои он аз қабили худкушро мавриди таҳлил қарор дод. Мавсуф қайд намуд, ки дар шаҳри Хуҷанд то ҳол вазъи худкушӣ, ҷинояткорӣ байни ноболиғон ҳолати ташвишовар дошта, новобаста аз корҳои профилактикӣ идомаёфтаистода корҳоро ҷоннок намудан лозим аст. Барои пешигирӣ намудани ин амалҳои номатлуб чанд тадбирҳои дигар низ рӯи кор гирифта шуданд.

Раиси шаҳри Хучанд барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон оилаҳои ҷавон, пурзӯр намудани нақши занони фаъол ба воҳидҳои сохтории дахлдор супориш дод.

Аз рӯи масъалаи дигар сардори Коммисариати ҳарбии шаҳр Ҳикматулло Баротов баромад намуд. Дар интиҳои маърӯза Раҷаббой Аҳмадзода дастур дод, ки корҳои омодагӣ барои бо сифат иҷро гардидани нақшаи даъвати баҳорона бояд аз имрӯз шурӯъ шаванд.

Раисони кумитаҳои маҳалла, бахши кор бо ҷавонон, шӯъбаи рушди иҷтимоӣ бояд дар самт бо истифода аз таҷрибаи мавсимҳои қаблӣ, нақшаи кории судмандро рӯи даст дошта бошанд.

Дар қисмати ниҳоии кори ҷаласа дар назди ҳозирон сардори шӯъбачаи бозрасии давлатии автомобили шӯъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хучанд Анвар Шукуров баромад намуд.

Дар охири маърӯза раиси шаҳри Хуҷанд аз набудани аломатҳои роҳ, бештар ба мушоҳида расидани тамбашавии нақлиёт дар роҳҳои асосии шаҳр, ҳуқуқвайронкунии ронандагон ва наврасони ҳуқуқи ронандагӣ надошта изҳори нигаронӣ намуда, таъкид намуд,ки нозирони бозрасӣ бояд масъулияти худро бештар эҳсос намоянд ва барои бехатарии ҳаракати нақлиёт дар кӯчаҳои шаҳр бештар диққат диҳанд.

Бо натиҷагирӣ аз масалаҳои баррасишаванда раиси шаҳри Хуҷанд Раҷҷаббой Аҳмадзода кори маҷлиси машваратиро хотима бахшид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.