Ӯзбекистон арзиши хизматгузориҳои фурудгоҳи Душанберо меомӯзад

Ширкати давлатии ҳавопаймоии кишвари ҳамсоя «Ӯзбекистон ҳаво йӯллари» бо номаи расмӣ ба Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД) муроҷиат карда, дар он ба арзиши хизматгузориҳое, ки дар фурудгоҳи пойтахти Тоҷикистон ба ҳавопаймоҳои кишварҳои хориҷӣ расонида мешавад, таваҷҷуҳ зоҳир намудааст. Котиби матбуотии ФБД Муҳаммадюсуф Шодиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ҷониби Ӯзбекистон ба масъалаҳои марбут […]

Аваз Юлдошев



Ширкати давлатии ҳавопаймоии кишвари ҳамсоя «Ӯзбекистон ҳаво йӯллари» бо номаи расмӣ ба Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД) муроҷиат карда, дар он ба арзиши хизматгузориҳое, ки дар фурудгоҳи пойтахти Тоҷикистон ба ҳавопаймоҳои кишварҳои хориҷӣ расонида мешавад, таваҷҷуҳ зоҳир намудааст.

Котиби матбуотии ФБД Муҳаммадюсуф Шодиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ҷониби Ӯзбекистон ба масъалаҳои марбут ба омодагии ФБД ба қабули ҳавопаймоҳои мусофирбари Ӯзбекистон, арзиши хизматгузориҳо ба онҳо ва шароитҳои бо сӯзишворӣ таъмин намудани ҳавопаймоҳо таваҷҷуҳ дорад. «Ба дархости Ӯзбекистон мо посухи муфассал ирсол намудем», – иброз дошт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, номбурда зикр кард, ки то имрӯз ҳанӯз санаи барқарор шудани хатсайри ҳавоӣ миёни Душанбеву Тошканд, ки соли 1992 қатъ гардида буд, маълум нест.

Тавре як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, масъалаҳои барқарор шудани хатсайри ҳавоӣ ва автомобилӣ (равуои автобусҳо) миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон ва бекор кардани реҷаи раводид миёни кишварҳо то имрӯз кушода ва ҳалношуда боқӣ мемонанд.

«Ба эҳтимоли зиёд ҷонибҳо масоили зикршударо баъди анҷоми маъракаи интихоботи президенти Ӯзбекистон, ки ба санаи 29 март таъин шудаанд, баррасӣ хоҳанд кард», – гуфт манбаъ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

BIMA Life дар Душанбе дафтари кории навашро боз кард

Дар маркази шаҳри Душанбе дафтари нави BIMA Life ба...

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.