Китобхонаи давлатии патентию техникӣ 50-солагиашро ҷашн мегирад

Моҳи майи соли 2015 Китобхонаи давлатии патентию техникии Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон 50-солагии Китобхонаро таҷлил менамояд. Тавре аз МД «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ хабар доданд, дар радифи ин чорабинӣ Китобхона иқдом гирифтааст, ки  Конфронси байналмилалии соҳаи китобдорӣ  дар мавзӯи «Китобхонаи […]

ASIA-Plus



Моҳи майи соли 2015 Китобхонаи давлатии патентию техникии Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон 50-солагии Китобхонаро таҷлил менамояд.

Тавре аз МД «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ хабар доданд, дар радифи ин чорабинӣ Китобхона иқдом гирифтааст, ки  Конфронси байналмилалии соҳаи китобдорӣ  дар мавзӯи «Китобхонаи давлатии патентию техникӣ -50 соли фаъолият, рушд ва дастовардҳо» (5-6 майи соли 2015) бо даъвати меҳмонон аз дохил ва хориҷи кишвар баргузор намояд.

Вобаста ба ин санаи таърихӣ Китобхона тасмим гирифтааст, ки як шумораи маҷаллаҳои «Китобдор» ва маҷаллаи Муассиса «Моликияти саноатӣ ва бозор»-ро ба сарпарастӣ гирифта дар он маводҳо доир ба кору фаъолият ва таҷлили 50 –солагии Китобхона гирд оварда ба чоп расонад.

Қобили зикр аст, ки дар давоми 2 соли охир аз ҷониби Китобхона ду конфронси умумиҷумҳуриявии соҳаи китобдорӣ  дар мавзӯи «Сарватҳои иттилоотии китобхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши онҳо дар рушди иқтисодиёт инноватсия ва маърифати ҷомеа» (с.2013) ва «Низоми фаъолияти китобхонаҳои электронӣ ва ташкили маъхазҳои иттилоотии интернетӣ дар Китобхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» (с.2014) ва аввалин Озмуни  умумиҷумҳуриявии «Китобдор, китобхона ва китобхонаи шахсии сол», ки (бахшида ба «Рузи китоб» санаи 4 сентябр) баргузор намуд, ки дар рушду нумӯи соҳаи фарҳанги кишвар саҳми арзанда гузошт.

Рисолати асосии Китобхонаи давлатии патентию техники, пеш аз ҳама, ҳамчун муассисаи фарҳангӣ ва иттилоотӣ дар ҷамъоварӣ, коркарди илмӣ, багурӯҳдарорӣ, ҳифзу нигоҳдорӣ, омӯзишу тарғиб ва истифодаи самараноки хазинаи муташаккили  иттилоотӣ зоҳир гардида, барои мутолиаи  хониши маъхазҳои иттилоотӣ ба хонандагони сершумори гуногунсоҳа шароит муҳайё месозад ва ҳамзамон бо истифода аз мероси гаронмояи миллӣ, осори гузаштагон, таърихи тамаддуни кишвар чиҳати баланд бардоштани фарҳангу маданият, худшиносию худогоҳии миллӣ саҳми назаррас мегузорад.

Айни замон хазинаи  Китобхонаи давлатии патентию техникӣ 15,2 миллон нусхаро ташкил намуда ғайр аз ин ба хазинаи 52 милионаи Системаи патентию иттилоотии Авруосиё (ЕАПАТИС», Китобхонаи илмии виртуалии Тоҷикистон   ва ғайра маъхазҳои гаронҳаҷм дастрасӣ дорад.

Кормандони Китобхонаи давлатии патентию техникии Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо меҳнати созанда ва бунёдкорона, кору фаъолият намуда дар рушду нумӯи соҳаи китобу китобдорӣ ва моликияти саноатӣ саҳми арзандаи худро ҳамеша мегузоранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

BIMA Life дар Душанбе дафтари кории навашро боз кард

Дар маркази шаҳри Душанбе дафтари нави BIMA Life ба...

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.