Таваҷҷуҳи Ҳиндустон ба созишномаи транзитии Тоҷикистон бо Афғонистону Покистон

Дар шаҳри Душанбе мулоқоти вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Неъматулло Ҳикматуллозода бо сафири Ҷумҳурии Ҳиндустон дар дар Тоҷикистон Аситҳ Бҳатттачарҷи баргузор гардида, дар он ҳамкориҳои самарбахши иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Ҳиндустон баррасӣ шуданд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, ҷонибҳо азми худро ҷиҳати боз ҳам густариш додани ҳамкориҳои иқтисодию […]

ASIA-Plus



Дар шаҳри Душанбе мулоқоти вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Неъматулло Ҳикматуллозода бо сафири Ҷумҳурии Ҳиндустон дар дар Тоҷикистон Аситҳ Бҳатттачарҷи баргузор гардида, дар он ҳамкориҳои самарбахши иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Ҳиндустон баррасӣ шуданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, ҷонибҳо азми худро ҷиҳати боз ҳам густариш додани ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ баён дошта, дар масъалаҳои ҳавасмандии ҷониби Ҳиндустон ба Созишномаи сеҷонибаи транзитӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷумҳуриҳои Исломии Афғонистону Покистон, инчунин омодагӣ ба ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ҳиндустон оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ибрози назар намуданд.

Гуфта мешавад, гардиши савдои хориҷӣ байни ду кишвар дар соли 2014 ҳамагӣ 21 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод. Маҳсулоти содиротиро асосан доруворӣ ташкил дода, сохтори воридот аз маҳсулоти доруворӣ ва фармасевтӣ, гӯшти гов ва маҳсулот аз металлҳои сиёҳ иборат аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

BIMA Life дар Душанбе дафтари кории навашро боз кард

Дар маркази шаҳри Душанбе дафтари нави BIMA Life ба...

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.