Масъулони сохтмони Театри миллии Тоҷикистон аз пардохти андоз озод мешаванд

Дар назар аст, ки иҷрои кору хизматгузориҳо дар сохтмони бинои Театри миллии Тоҷикистон аз пардохти андозҳо озод карда мешаванд. Вакилони палатаи поёнии парлумон дар ин хусус ба қонун «Дар бораи Буҷети давлатии ҶТ барои соли 2015» тағийроту иловаҳои дахлдор ворид намуданд. Зимни шарҳу тағйироту иловаҳои мазкур ба вакилон муовини аввали вазири молияи ҶТ Ҷамолиддин Нуралиев […]

Пайрав Чоршанбиев



Дар назар аст, ки иҷрои кору хизматгузориҳо дар сохтмони бинои Театри миллии Тоҷикистон аз пардохти андозҳо озод карда мешаванд. Вакилони палатаи поёнии парлумон дар ин хусус ба қонун «Дар бораи Буҷети давлатии ҶТ барои соли 2015» тағийроту иловаҳои дахлдор ворид намуданд.

Зимни шарҳу тағйироту иловаҳои мазкур ба вакилон муовини аввали вазири молияи ҶТ Ҷамолиддин Нуралиев қайд кард, ки дар ин бора қарори дахлдори ҳукумати кишвар низ тасдиқ шудааст.

Ӯ таъкид дошт, ки муҳлати сохтмони бинои Театри миллии Тоҷикистон 5 сол буда, барои бунёди он тақрибан 680 млн. сомонӣ маблағ ҷудо карда мешавад.

Нуралиев зикр кард, ки бо қарори ҳукумат ин театр «иншооти махсусан муҳим» шуморида шуда, вуруди масолеҳи сохтмон ва таҷҳизот ба кишвар барои бунёди он, аз пардохти андозҳо ва боҷҳои гумрукӣ озод карда мешавад.

Муовини аввали вазири молия изҳор кард, ки иншооти мазкур бо мақсади ташкили «маркази ягнаи бузурги фарҳангии кишвар» бунёд гардида, дорои се толор бо ҳудуди 2,5 ҳазор нафар, беш аз 1 ҳазор нафар ва 895 ҷойҳои нишаст хоҳад буд.

Зимнан зикр гардид, ки давоми солҳои 2012-2014 аз буҷет ба бахши фарҳанг дар маҷмӯъ зиёда аз 1,5 млрд. сомонӣ маблағ равона гардид. «Дар буҷети соли 2015 ба бахши фарҳанг ҷудо гардидани 736,5 млн. сомонӣ маблағ пешбинӣ шудааст», – афзуд ӯ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

BIMA Life дар Душанбе дафтари кории навашро боз кард

Дар маркази шаҳри Душанбе дафтари нави BIMA Life ба...

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.