90%-и тоҷикистониён аз зиндагӣ дар Тоҷикистон ифтихор доранд

Аввали соли равон дар ду шаҳри Тоҷикистон – Душанбе ва Хуҷанд назарпурсии иҷтимоиву иқтисодӣ доир гардид. Ин таҳқиқот аз ҷониби созмони мустақили ғайриҳукуматии машғул ба пайгирӣ (мониторинг)-и афкори ҷамъиятӣ дар Осиёи Марказӣ – «Барометри Осиёи Марказӣ» бо дастгирии агентии маҳаллии таҳқиқотии «M-Vector Tajikistan» гузаронида шуд. Дар назарпурсӣ 1300 нафари синни аз 18-сола ва болотар аз […]

Сабрина Ашурова, «M-Vector Tajikistan»

Аввали соли равон дар ду шаҳри Тоҷикистон – Душанбе ва Хуҷанд назарпурсии иҷтимоиву иқтисодӣ доир гардид. Ин таҳқиқот аз ҷониби созмони мустақили ғайриҳукуматии машғул ба пайгирӣ (мониторинг)-и афкори ҷамъиятӣ дар Осиёи Марказӣ – «Барометри Осиёи Марказӣ» бо дастгирии агентии маҳаллии таҳқиқотии «M-Vector Tajikistan» гузаронида шуд. Дар назарпурсӣ 1300 нафари синни аз 18-сола ва болотар аз он иштирок карданд.


Вазъи иқтисодӣ дар кишвар

70% пурсидашудагон бар ин назаранд, ки иқтисоди кишвар дар вазъи хуб қарор дорад. Соли гузашта сатҳи посухҳои мусбат нисбати ин масъала афзудааст. Зимни назарпурсии ба ин монанди ахири соли 2013 доиргардида 53% ба ин пурсиш ҷавоби мусбат дода буданд. Аксари пурсидашудагон интизорӣ доранд, ки соли ҷорӣ (2015) вазъи иқтисодӣ дар кишвар беҳтар мегардад. Танҳо 4%-и пурсидашудагон нисбати ин масъала хушбин нестанд.


Некӯаҳволии мардум

Ба ҷуз вазъи умумии иқтисодӣ дар кишвар, пурсидашудагон ҳамчунин сатҳи некӯаҳволии оилаи худро низ арзёбӣ намуданд. 72%-и пурсидашудагон қайд карданд, ки соли гузашта вазъи иқтисодии онҳо беҳтар шудааст. Ҳиссаи посухҳои мусбат нисбат ба Хуҷанд дар Душанбе бештар аст (мутаносибан 77 ва 60%).


Муносибат ба Тоҷикистон

Мардум ба кишвари худ чӣ гуна муносибат доранд? Натиҷаҳо гувоҳи онанд, ки муносибати ҳозираи аҳолӣ ба кишвари худ хеле баланд аст. 90%-и пурсидашудагон зикр карданд, ки аз зиндагӣ дар Тоҷикистон ифтихор доранд.


Муносибат ба муҳоҷират

Таҳқиқот нишон дод, ки аксари аҳолӣ (76%) аз ҳаёт дар Тоҷикистон қаноатманд буда, хоҳиши тарк кардани Тоҷикистонро надоранд. Боз 12% ният доранд, ки Тоҷикистонро тарк намоянд. Сабабҳои асосӣ – кор, истироҳат, муҳоҷират номбар шуданд. Шумори хоҳишмандони тарк кардани кишвар нисбат ба Хуҷанд дар Душанбе бештар аст (15 ва 4%). Хоҳиши тарк кардани кишвар аксаран ба ҷавонони синни аз 18 то 24-сола хос аст (15% дар ин гурӯҳи синнусолӣ).

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

BIMA Life дар Душанбе дафтари кории навашро боз кард

Дар маркази шаҳри Душанбе дафтари нави BIMA Life ба...

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.