Эълони озмуни оилаи беҳтарини сол дар Хуҷанд

Бо мақсади дарёфти беҳтарин оилаҳо, тарғибу ташвиқи оилаҳои солим, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ ва масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд, омода намудани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва пойдории оила, пешгирии зӯроварӣ дар оила ва бо назардошти эълон гардидани «Соли 2015-соли Оила» Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бобати давоми соли 2015 дар қаламрави шаҳр байни […]

ASIA-Plus



Бо мақсади дарёфти беҳтарин оилаҳо, тарғибу ташвиқи оилаҳои солим, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ ва масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд, омода намудани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва пойдории оила, пешгирии зӯроварӣ дар оила ва бо назардошти эълон гардидани «Соли 2015-соли Оила» Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бобати давоми соли 2015 дар қаламрави шаҳр байни оилаҳо гузаронидани озмуни «Дарёи муҳаббат» қарори дахлдорро ба имзо расонд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории Хуҷанд, дар ҳамин асос шуъбаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр, кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, бахшҳои фарҳанг, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва оид ба дини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр вазифадор гардиданд, ки ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани чорабиниҳои ташкиливу ҳуқуқӣ, техникӣ, иттилоотӣ ва тарщиботию ташвиқотии Озмуни «Дарёи муҳаббат» тадбирҳои зарурӣ андешида, низомнома, ҳайати комиссия ва ҳайати кумитаи тадорукотиро тасдиқ намоянд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

ПУРСИШ. 10 саволи ҷолиб аз рӯзгор ва осори устод Садриддин Айнӣ

Дониши худро дар бораи аввалин Қаҳрамони Тоҷикистон санҷед.

“Ба кӯдакони хурдсоламон раҳм кунед…”. Муроҷиати писари Зайд Саидов ба мақомоти Тоҷикистон

Додгоҳ қарори мусодираи хонаи пайвандони вазири пешин ва тоҷири тоҷикро чанд сол пеш содир карда буд.

Исроил ва Лубнон барои баргузории музокироти мустақим ба созиш расидаанд

"Ҳизбуллоҳ" ин музокиротро қабул надорад ва онро “беҳуда” тавсиф карда буд.

Қариб 50 млн евро қарзу грант барои коҳиши талафоти барқ дар Суғду Хатлон. Шарту шароити қарз чӣ гуна аст?

Ҳадафи лоиҳа коҳиши талафоти барқ ва ҷорӣ кардани низоми муосири ҳисоббаробаркунӣ гуфта мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 67

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

CММ: Бар асари низоъ дар Ховари Миёна то 32 млн нафар метавонанд дар хати фақр қарор гиранд

Хавфи ба ин ҳолат дучор шудани кишварҳои Халиҷи Форс, Осиё, Африқо ва ҷазираҳои хурд бештар аст.