Зуҳуров: Вазирон даъватҳо ба ҷаласаи парлумонро нодида мегиранд

Раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров аз ҳозир нашудани шахсони аввали вазорату идораҳо ба ҷаласаҳои парлумон нигаронӣ изҳор намуд. Зимни ифтитоҳи ҷаласаи имрӯзаи палатаи поёнии парлумон Ш.Зуҳуров қайд кард, ки шахсони аввали вазорату идораҳои ҷумҳурӣ уҳдадоранд, ки дар ҷараёни баррасии масъалаҳои марбут ба сохтори зертобеъи онҳо иштирок кунанд. «Танҳо бо сабабҳои узрнок онҳо метавонанд […]

Пайрав Чоршанбиев



Раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров аз ҳозир нашудани шахсони аввали вазорату идораҳо ба ҷаласаҳои парлумон нигаронӣ изҳор намуд.

Зимни ифтитоҳи ҷаласаи имрӯзаи палатаи поёнии парлумон Ш.Зуҳуров қайд кард, ки шахсони аввали вазорату идораҳои ҷумҳурӣ уҳдадоранд, ки дар ҷараёни баррасии масъалаҳои марбут ба сохтори зертобеъи онҳо иштирок кунанд.

«Танҳо бо сабабҳои узрнок онҳо метавонанд дар ин баррасиҳо иштирок надошта бошанд ва сабаби узрнок танҳо машғул будан ба иҷрои супориши сарвари давлат буда метавонад. Дигар сабаҳои узрнок барои мо вуҷуд надорад», – иброз дошт ӯ.

Ш.Зуҳуров қайд кард, ки дар ҷаласаи имрӯза иштироки вазири корҳои дохилӣ, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва вазири молия зарур буд. «Роҳбарони ВКД ва КДАМ субҳ ба ман занг зада, маъзарат хостанд, ки бо сабабҳои узрнок дар ҷаласа иштирок карда наметавонанд ва онҳоро муовинонашон иваз мекунанд, вале вазири молия умуман занг ҳам назад», – шикоят кард Зуҳуров.

Раиси Маҷлиси намояндагон ба шахсони масъули парлумон дастур дод, ки ин масъаларо ҷиддӣ зери назорат гиранд. «Агар минбаъд шахсони аввали вазорату идораҳо дар ҷаласаҳои парлумон иштирок накунанд, масъалаҳои марбут ба сохтори зертобеъи онҳо аз рӯзномаи ҷаласа хориҷ карда мешавад», – таъкид дошт ӯ.

Дар ҷаласаи имрӯзаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ баррасии тағйироту иловаҳо ба қонун «Дар бораи Буҷети давлатии ҶТ барои соли 2015», Созишнома дар бораи ҳамкории кишварҳои узви ИДМ дар бахши таъмини амнияти иттилоотӣ ва тасдиқи созишномаи байниҳукуматӣ миёни Тоҷикисттону Эрон дар бораи ҳамкорӣ дар бахши тартиботи ҳуқуқӣ ва таҳкими амният дар назар аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

ПУРСИШ. 10 саволи ҷолиб аз рӯзгор ва осори устод Садриддин Айнӣ

Дониши худро дар бораи аввалин Қаҳрамони Тоҷикистон санҷед.

“Ба кӯдакони хурдсоламон раҳм кунед…”. Муроҷиати писари Зайд Саидов ба мақомоти Тоҷикистон

Додгоҳ қарори мусодираи хонаи пайвандони вазири пешин ва тоҷири тоҷикро чанд сол пеш содир карда буд.

Исроил ва Лубнон барои баргузории музокироти мустақим ба созиш расидаанд

"Ҳизбуллоҳ" ин музокиротро қабул надорад ва онро “беҳуда” тавсиф карда буд.

Қариб 50 млн евро қарзу грант барои коҳиши талафоти барқ дар Суғду Хатлон. Шарту шароити қарз чӣ гуна аст?

Ҳадафи лоиҳа коҳиши талафоти барқ ва ҷорӣ кардани низоми муосири ҳисоббаробаркунӣ гуфта мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 67

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

CММ: Бар асари низоъ дар Ховари Миёна то 32 млн нафар метавонанд дар хати фақр қарор гиранд

Хавфи ба ин ҳолат дучор шудани кишварҳои Халиҷи Форс, Осиё, Африқо ва ҷазираҳои хурд бештар аст.