Чорабинӣ ба хотири ёдбуди журналисти маъруфи тоҷик Муродулло Шерализода

Аҳлиддин Салимов

Имрӯз ба хотири ёдбуди рӯзноманигори саршиноси тоҷик, нахустин сардабири газетаи «Садои мардум» Муродулло Шерализода дар бинои маҷмааи табъу нашри «Шарқи озод» як чорабинӣ баргузор шуд, ки дар он ходимони маъруфи давлативу сиёсӣ – нахустин президенти Тоҷикистон, Қаҳҳор Маҳкамов, муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Хайринисто Юсуфӣ, вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Шамсиддин Орумбеков ва дигарон ширкат […]



Имрӯз ба хотири ёдбуди рӯзноманигори саршиноси тоҷик, нахустин сардабири газетаи «Садои мардум» Муродулло Шерализода дар бинои маҷмааи табъу нашри «Шарқи озод» як чорабинӣ баргузор шуд, ки дар он ходимони маъруфи давлативу сиёсӣ – нахустин президенти Тоҷикистон, Қаҳҳор Маҳкамов, муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Хайринисто Юсуфӣ, вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Шамсиддин Орумбеков ва дигарон ширкат варзиданд.

Қаҳҳор Маҳкамов куштори Муродалӣ Шерализодаро фоҷеъа ва талафоти бузург барои кишвар номид. «Пеш ман забони тоҷикиро намедонистам, Муродулло маро забони тоҷикӣ омӯхт», – иброз дошт ӯ.

Хайринисо Юсуфӣ зимни қироати матни раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров ба ин муносибат, зикр кард, ки хизматҳои Муродулло Шерализода ба мардуми тоҷик хеле бузург буда, хоираи ӯ дар қалбҳои мо абадӣ боқӣ хоҳад монд.

Вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Шамсиддин Орумбекзода аз марги фоҷеабори Муродулло Шерализода ёдовар шуда, қайд кард, ки мо набояд сабақҳои ҷанги шаҳрвандиро фаромӯш кунем. «М.Шерализода дар таъсиси рӯзномаи «Садом мардум» ва дар маҷмӯъ рушди журналистикаи тоҷик саҳми босазо гузошт», – таъкид дошт вазир.

Муродулло Шерализода дар деҳаи Кулолии ноҳияи Панҷакент ба дунё омадааст. Хатмкардаи факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории ба номи Т.Г. Шевченко (соли 1966), номзади улуми таърих (соли 1984). Дар рӯзномаи «Маориф ва маданият», Донишкадаи таърихи марксизм-ленинизми назди КМ ҲКТ кор кардааст. Муддати 9 сол дар Афғонистон ба ҳайси тарҷумон фаъолият дошт. Давоми солҳои 1985-1990 дар дастгоҳи КМ ҲКТ (ду сол ёвари котиби 1-ум) ифои вазифа намудааст. Аз 19 ноябри соли 1990 – сардабири рӯзномаи парлумонии «Садои мардум».

Дорандаи ҷоизаи Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон. Вакили Шӯрои Олии ҶТ. Санаи 5 майи соли 1992 дар назди бинои парлумон аз ҷониби афроди номаълум аз силоҳи оташфишон парронида шуда, ба ҳалокат расид.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Душанбе аз иҷрои нақшаи даъват ба артиш хабар дод. Суғд дар як рӯз 46%-и нақшаро пур кардааст

Дар рӯзи якуми маъракаи баҳории даъват ба артиш, нақшаи он дар тамоми кишвар 54,3% иҷро шудааст.

“Ҳамчун арзёбии пурра қабул кардан дуруст нест”. Вокуниши Оҷонсии ҳавошиносӣ ба радабандии пажуҳишгоҳи “IQAir” дар бораи ҳавои ифлоси Тоҷикистон

Пажуҳишгоҳи “IQAir” дар як гузориш навишт, ки дар соли 2025 Тоҷикистон аз лиҳози ифлосии ҳавои атмосферӣ дар ҷаҳон дар ҷойи сеюм қарор дошт.

“Сомон Эйр” аз оғози парвозҳои мунтазам дар масири Душанбе – Уфа – Душанбе хабар дод

Маълум кардем, ки кай парвоз оғоз мешавад ва нархи чипта чанд аст.

“Нешзанӣ”-и Путину “таъна”-и Пашинян. Баҳси тунди роҳбарони Русияву Арманистон дар ҳузури расонаҳо

Равобити ин кишвар дар пайи радди дахолати СААД ба ҷанги Арманистону Озарбойҷон ба сардӣ гароидааст.