Тоҷикистон аз авҷи низоъ дар минтақаи СҲШ нигарон аст

ASIA-Plus

Котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров дар вохӯрии 10-уми ҳамасолаи котибони Шӯрои амнияти кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, ки имрӯз, 14 апрел дар шаҳри Маскав доир гардид, суханронӣ намуд. Тавре аз сафорати Тоҷикистон дар Русия иттилоъ доданд, зимни суханронӣ А.Қаҳҳоров таваҷчуҳи ҳозиринро ба масоиили муҳиму рӯзмарраи таъмини амният дар минтақаи кишварҳои СҲШ, мубориза бо қочоқи […]



Котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров дар вохӯрии 10-уми ҳамасолаи котибони Шӯрои амнияти кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, ки имрӯз, 14 апрел дар шаҳри Маскав доир гардид, суханронӣ намуд.

Тавре аз сафорати Тоҷикистон дар Русия иттилоъ доданд, зимни суханронӣ А.Қаҳҳоров таваҷчуҳи ҳозиринро ба масоиили муҳиму рӯзмарраи таъмини амният дар минтақаи кишварҳои СҲШ, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва ҳамчунин пешгирии ҳолатҳои низоъ дар партави таҳдидҳои нав ҷалб кард.

Котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон қайд кард, ки моҳи майи соли ҷорӣ дар Душанбе оид ба мавзӯи мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир конфронси байнулмилалӣ доир мегардад.

Қобили зикр аст, ки иштирокдорони вохӯрии мазкур масъалаҳои таъмини амният дар паҳнои СҲШ бо назардошти вазъи тағйирёбанда дар минтақаҳои наздики онро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.

Айни замон кишварҳои Русия, Чин, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мебошанд. Афғонистон, Ҳиндустон, Эрон ва Муғулистон ба ҳайси кишварҳои нозири Созмон қабул шудаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Ҳамчун арзёбии пурра қабул кардан дуруст нест”. Вокуниши Оҷонсии ҳавошиносӣ ба радабандии пажуҳишгоҳи “IQAir” дар бораи ҳавои ифлоси Тоҷикистон

Пажуҳишгоҳи “IQAir” дар як гузориш навишт, ки дар соли 2025 Тоҷикистон аз лиҳози ифлосии ҳавои атмосферӣ дар ҷаҳон дар ҷойи сеюм қарор дошт.

Оғози парвозҳои мунтазам дар масири Душанбе – Уфа – Душанбе

Маълум кардем, ки кай парвоз оғоз мешавад ва нархи чипта чанд аст.

“Нешзанӣ”-и Путину “таъна”-и Пашинян. Баҳси тунди роҳбарони Русияву Арманистон дар ҳузури расонаҳо

Равобити ин кишвар дар пайи радди дахолати СААД ба ҷанги Арманистону Озарбойҷон ба сардӣ гароидааст.

Қосиди меҳри кӯдакони Кобул дар кӯчаҳои Душанбе. Муҳаммад Ҷӯёи 9-сола кист ва чаро ба Тоҷикистон омад?

Фазои осоишта, кӯчаҳои пур аз одам ва холӣ аз садои тиру туфанги Тоҷикистон ба Муҳаммад Ҷӯё писанд омадааст.