Адиби маъруфи тоҷик ба доми қаллобон афтод

ASIA-Plus

Адиби маъруфи тоҷик Ато Ҳамдам барои азму талош ва чусту чолокии кормандони милиса дар дарёфту ба ӯ баргардонидани автомашинаи шахсиаш ба онҳо миннатдорӣ изҳор намуд. «Дар таърихи 31-уми моҳи марти соли 2015 ман ба доми як гурӯҳ қаллобони касбӣ афтодам, ки аз соли 1996 инҷониб ба фиреби шахсони мошиндор машғул буда, даҳҳо нафарро сарсону саргардон […]



Адиби маъруфи тоҷик Ато Ҳамдам барои азму талош ва чусту чолокии кормандони милиса дар дарёфту ба ӯ баргардонидани автомашинаи шахсиаш ба онҳо миннатдорӣ изҳор намуд.

«Дар таърихи 31-уми моҳи марти соли 2015 ман ба доми як гурӯҳ қаллобони касбӣ афтодам, ки аз соли 1996 инҷониб ба фиреби шахсони мошиндор машғул буда, даҳҳо нафарро сарсону саргардон ва аз мошини шахсиашон маҳрум гардондаанд», – қайд мешавад дар сипосномаи адиб ба унвони вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода, ки дар сомонаи Вазорат ҷой дода шудааст.

«Тавассути азму талош ва чусту чолокии кормандони баъди як ҳафта қаллобони ашаддӣ дар ноҳияи Ҳисор ҳини ба савдо андохтани мошини шахсии ман ба даст афтоданд. Агар чусту чолокӣ ва маҳорату кордонии ин ҷавонмардони ҳақиқӣ – кормандони ҷонсӯзи мақомоти Шумо намешуд, шояд дигар ман на мошинамро пайдо мекардаму на ягон сомонӣ ба даст меовардам», – иброз доштааст адиб.

Ато Ҳамдам ҳамраиси Анҷумани ноширон ва тарҷумонҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Балтия, узви Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон ва Белорус, барандаи ҷоизаи Олии адабии Покистон, Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сармуҳаррири интишороти «ЭР-граф» мебошад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 апрели соли 2026

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ Соли 1930 – Дар Сталинобод (ҳоло Душанбе) корхонаи коркарди чӯб ба истеҳсоли маҳсулот оғоз кард. Соли 1931 – Бойгонии марказии давлатии Тоҷикистон таъсис...

Идомаи ҳамлаҳои шадиди тарафҳо ба Теҳрону Тел-Авив. Охирин хабарҳо аз Ховари Миёна

Муҳимтарин хабарҳо аз ҷанг алайҳи Эрон ва вазъи кишварҳои Ховари Миёна дар шабонарӯзи гузаштаро дар ин матлаби мо хонед.

Ҳушдори мақомоти Тоҷикистон аз афзудани қаллобӣ зимни ваъдаи кор дар хориҷа

Оҷонсии бакортаъминкунӣ гуфтааст, ки дар ҳолати дучор шудан бо қаллобон ба куҷо бояд муроҷиат кард.

Раиси Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон: “Азия-Плюс” – оинаи шаффофи зиндагии мардум

Зинатулло Исмоилзода "Азия-Плюс"-ро ба муносбати 30-солагиаш табрик гуфт.

Вазорати дифоъ: Нақшаи даъват ба артиш дар рӯзи якум беш аз 50% иҷро шуд

Кадом шаҳру ноҳияҳо аз анҷоми нақшаи даъват хабар доданд?

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 58

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.