Навори видеои гирдиҳамойӣ назди сафорати Олмон дар Душанбе

Date:



Дар видеохостинги YouTube навори видеойии гирдиҳамойӣ назди сафорати Олмон дар Душанбе нашр шуд.

Дар навор дида мешавад, ки занон назди дари оҳании сафорат ҷамъ омада, бо асабоният аз посбон ба назди онҳо баромадани сафирро дархост доранд.

«Мо озодиву тинҷӣ дар Тоҷикистонро мехоҳем», – фарёд мезананд онҳо. Дар ҳамин ҳол, чанде аз занон шикоят мекунанд, ки касоне «кӯшиши ноамн кардани вазъ дар Тоҷикистонро доранд», ки аллакай боре ҷанги шаҳрвандиро паси сар намуда, «онҳо шавҳаронашонро талаф додаанд».

«Олмон Додоҷон Атовуллоевро пинҳон мекунад!», – садо баланд мешавад аз издиҳом. Ин гурӯҳ тақрибан аз 15-20 нафар, аз ҷумла 5-6 нафар ҷавонон бо лавҳаву шиорҳо дар дастонашон иборат аст.

Навори видеойӣ дар YouTube рӯзи 14 апрел аз ҷониби корбари шабака Комрон Ҳусейнзода гузошта шудааст.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 14 апрел сафорати Олмон дар Тоҷикистон ҳодисаи мазкур назди намояндагии дипломатиро

расман шарҳ дод



.


Дар изҳороти сафорат дар ин робита қайд шуд, ки субҳи имрӯз назди бинои сафорати Олмон дар шаҳри Душанбе 

тақрибан 15-20 нафар

 гирдиҳам омаданд, ки асосан ҷавонон ва занон буда, рӯҳияи шиддатноке доштанд ва панҷараву шишаи зиреҳпӯшро мекӯфтанд.

МЕДИА (Youtube Embed)

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...