Раиси Суди олӣ аз вазифа бозхонд карда шуд

ASIA-Plus

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ кадрҳои ба вазифаҳои пурмасъулият дар Суди конститутсионӣ, Суди олӣ ва Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодшударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфт. Раиси Суди олии Тоҷикистон Нусратулло Абдуллозода бинобар сабаби ба синни нафақа расидан аз вазифааш бозхонд карда шуд. Ӯ муддати 9 сол, аз моҳи декабри соли 2006 дар ин […]



Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ кадрҳои ба вазифаҳои пурмасъулият дар Суди конститутсионӣ, Суди олӣ ва Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодшударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.

Раиси Суди олии Тоҷикистон Нусратулло Абдуллозода бинобар сабаби ба синни нафақа расидан аз вазифааш бозхонд карда шуд. Ӯ муддати 9 сол, аз моҳи декабри соли 2006 дар ин мансаб фаъолият дошт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Шермуҳаммад Шоҳиён аз вазифаи раиси Комисссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд ва ба вазифаи раиси Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.

Ҳамчунин муовини якуми раиси Суди олӣ Маҳмудҷон Ашӯров бо сабаби расидан ба синни нафақа вазифаш бозхонд ва ба ин мансаб Абдулҳафиз Ашурзода, ҳоло муовини якуми раиси Суди шаҳри Душанбе пешниҳод карда шуд.

Даврон Ҳошимзода ба вазифаи судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.

Тибқи пешниҳоди дигар ваколати 7 нафар судяи Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар сабаби ба поён расидани муҳлати ваколаташон бозхонд ва 6 нафар судяе, ки муҳлати ваколаташон ба анҷом расида буд, барои интихоб ба муҳлати нави судяи Суди олӣ пешниҳод гардиданд.

Ваколати муовини раиси Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мародбегим Ширинҷон ва 4 нафар судяи Суди олии иқтисодӣ бо сабаби ба синни нафақа расиданашон бозхонд карда шуд.

Зебуннисо Абдуллоева ба вазифаи муовини раиси Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 6 нафар судяи ҷавон, ки беш аз 5 сол дар судҳои поёнӣ таҷрибаи корӣ андӯхтаанд, ба вазифаи судяи Суди олии иқтисодӣ пешниҳод гардид.

Ҳамин тариқ, тибқи пешниҳодҳо аз Суди конститутсионӣ, Суди олӣ ва Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 нафар ба нафақа рухсат дода мешаванд.

Номзадии 23 кадри ҷавону корозмудаи ин соҳаҳо ба вазифаҳои пурмасъулият пешниҳод шуданд, ки аз онҳо 2 нафар ба Суди конститутсионӣ, 14 нафар ба Суди олӣ ва 7 нафар ба Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост меояд.

Доир ба интихоб ва бозхонд намудани шахсони мазкур пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Нусратулло Абдуллозода, ки аз вазифаи раиси Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нафақа рухсат дода шуд, барои хизматҳои бисёрсолаи арзандааш дар мақомоти судӣ ва дигар сохторҳои давлатӣ арзи сипос карда, кадрҳои ҷавони ба вазифаҳои пурмасъулият пешниҳодшударо ба хизмати содиқонаю софдилона ва саҳмгузорӣ дар таъмини адолати судӣ дар ҷомеа ҳидоят намуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи ҳамлаҳои шадиди тарафҳо ба Теҳрону Тел-Авив. Охирин хабарҳо аз Ховари Миёна

Муҳимтарин хабарҳо аз ҷанг алайҳи Эрон ва вазъи кишварҳои Ховари Миёна дар шабонарӯзи гузаштаро дар ин матлаби мо хонед.

Ҳушдори мақомоти Тоҷикистон аз афзудани қаллобӣ зимни ваъдаи кор дар хориҷа

Оҷонсии бакортаъминкунӣ гуфтааст, ки дар ҳолати дучор шудан бо қаллобон ба куҷо бояд муроҷиат кард.

Раиси Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон: “Азия-Плюс” – оинаи шаффофи зиндагии мардум

Зинатулло Исмоилзода "Азия-Плюс"-ро ба муносбати 30-солагиаш табрик гуфт.

Вазорати дифоъ: Нақшаи даъват ба артиш дар рӯзи якум беш аз 50% иҷро шуд

Кадом шаҳру ноҳияҳо аз анҷоми нақшаи даъват хабар доданд?

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 58

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.