Таъсиси маҷмааи нодири фарҳангию таърихӣ дар Хуҷанд

ASIA-Plus

Бо қарори раиси вилояти Суғд дар маркази маъмурии вилоят Муассисаи давлатии «Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» таъсис дода мешавад. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, Муассисаи давлатии «Осорхонаи таърихии вилояти Суғд» ба Муассисаи давлатии «Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» ҳамроҳ карда мешавад. Гуфта мешавад, Раёсати фарҳанги вилояти Суғд ва Муассисаи давлатии «Маҷмааи фарҳангию таърихии […]



Бо қарори раиси вилояти Суғд дар маркази маъмурии вилоят Муассисаи давлатии «Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» таъсис дода мешавад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, Муассисаи давлатии «Осорхонаи таърихии вилояти Суғд» ба Муассисаи давлатии «Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» ҳамроҳ карда мешавад.

Гуфта мешавад, Раёсати фарҳанги вилояти Суғд ва Муассисаи давлатии «Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» вазифадор карда мешаванд, ки тибқи тартиби муқараргардида Оинномаи Муассисаи давлатии «Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд»-и назди Раёсати фарҳанги вилояти Суғдро аз қайди давлатӣ гузаронида, маблағгузории хароҷоти онро дар доираи маблағҳои ба соҳаи фарҳанг пешбинишудаи буҷети вилоятӣ амалӣ намоянд.

Зимнан зикр мегардад, ки маҷмаа дорои осорхонаи таърихӣ – ҳамчун муассисаи илмию тадқиқотӣ, боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ – ҳамчун муассисаи фарҳангию фароғатӣ, инчунин Қалъаи Хуҷанд – ҳамчун мавзеи аҳмияти баланди таърихию фарҳангӣ ва экологӣ доштаро доро буда, барои рушди илм, фарҳанг ва сайёҳӣ мусоидат менамояд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи ҳамлаҳои шадиди тарафҳо ба Теҳрону Тел-Авив. Охирин хабарҳо аз Ховари Миёна

Муҳимтарин хабарҳо аз ҷанг алайҳи Эрон ва вазъи кишварҳои Ховари Миёна дар шабонарӯзи гузаштаро дар ин матлаби мо хонед.

Ҳушдори мақомоти Тоҷикистон аз афзудани қаллобӣ зимни ваъдаи кор дар хориҷа

Оҷонсии бакортаъминкунӣ гуфтааст, ки дар ҳолати дучор шудан бо қаллобон ба куҷо бояд муроҷиат кард.

Раиси Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон: “Азия-Плюс” – оинаи шаффофи зиндагии мардум

Зинатулло Исмоилзода "Азия-Плюс"-ро ба муносбати 30-солагиаш табрик гуфт.

Вазорати дифоъ: Нақшаи даъват ба артиш дар рӯзи якум беш аз 50% иҷро шуд

Кадом шаҳру ноҳияҳо аз анҷоми нақшаи даъват хабар доданд?

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 58

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.