Э.Раҳмон парлумонро ба фаъолияти пурсамар дар самти таъмини амният даъват кард

ASIA-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аъзои нави палатаи болоии парлумони ҷумҳуриро ба фаъолияти пурсамар дар самти муқовимат ба таҳдидлҳои муосир даъват намуд. «Ман борҳо дар суханрониҳоям аз минбари созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва мулоқоту чорабиниҳои мухталиф дар хусуси ба истиқлолияти давлатҳо хатари зиёд доштани терроризму ифротгароӣ, инчунин дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккил изҳори андеша намуда, ҷомеаи ҷаҳониро барои […]



Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аъзои нави палатаи болоии парлумони ҷумҳуриро ба фаъолияти пурсамар дар самти муқовимат ба таҳдидлҳои муосир даъват намуд.

«Ман борҳо дар суханрониҳоям аз минбари созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва мулоқоту чорабиниҳои мухталиф дар хусуси ба истиқлолияти давлатҳо хатари зиёд доштани терроризму ифротгароӣ, инчунин дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккил изҳори андеша намуда, ҷомеаи ҷаҳониро барои муборизаи муштарак ба ин хатарҳои муосир даъват намуда будам», – гуфт ӯ зимни суханронӣ нади вакилони тозаинтихоби Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон.

Сарвари давлат қайд кард, ки бо мақсади мубориза бо чунин хатарҳои нав имрӯз дар назди аъзои Маҷлиси миллӣ дар самти таҳия ва ҷонибдории қонунҳое, ки ба пешрафти давлат ва пойдории суботу амният мусоидат мекунанд, вазифаҳои ниҳоят муҳим қарор доранд, ки иҷрои онҳо фаъолияти пурмаҳсулро талаб менамояд.

Президент таъкид намуд, ки айни замон Тоҷикистон дар марҳалае қарор дорад, ки авзои сиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҳолати дигаргунии мураккаб, яъне дар фазои тағирёбандаи геостратегӣ ва шиддат ёфтани мубориза барои захираҳои табиӣ қарор дошта, ҷаҳонро буҳрони молиявию иқтисодӣ фаро гирифтааст ва чунин вазъ ба низоми сиёсиву иқтисодии давлатҳо таҳдид намуда, барои рушди давлатҳо монеа эҷод месозад.

«Марҳалаи нави инкишофи муносибатҳои ҷамъиятӣ қабули қонуну қарорҳоеро тақозо мекунад, ки ба рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, паст кардани таъсири манфии буҳрони молиявӣ ба иқтисодиёти кишвар ва амнияти давлат, инчунин пайванди ҷомеа бо ҷаҳони мутамаддини муосир мусоидат намоянд», – зикр кард президент.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 57

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тоҷикистон дар сафи се кишвари дорои ифлостарин ҳаво дар ҷаҳон қарор гирифт

Чӣ гуна мо ба ин сатҳ расидем ва чиро ҳоло ҳам метавон ислоҳ кард?

“Ҷанг”-и империяҳо бо Наврӯз. Барои чӣ ҳама ноком шуданд?

Аз истилои арабҳо то фишорҳои замони шуравӣ: далели мубориза бо Наврӯз чӣ буд ва чаро натавонистанд онро аз байн баранд?

Ҷазои ду волидайн барои аз таҳсил дур кардани фарзандашон

Додгоҳи шаҳри Исфара ду сокини ин шаҳрро барои аз...

Оғози “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон”. Кай ва дар куҷо маҳфилҳои адабӣ баргузор мешаванд?

Дар кишвар аз 2 то 9-уми апрел ҷашнвораи “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” баргузор мешавад.

Дар соли 2026 ба соҳаи маорифи Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст?

Ин маблағ дар муқоиса бо соли 2025-ум 25% ва нисбат ба даҳ соли пеш 5,5 баробар зиёд мебошад.

Тилло дар Тоҷикистон якбора арзон шуд – ба андозаи 14% дар як моҳ

Ин ба тасҳеҳи нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.