Маҳмадсаид Убайдуллоев бори чорум шахси дуюми давлат интихоб шуд

Пайрав Чоршанбиев

Дар иҷлосияи имрӯзаи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати панҷум Маҳмадсаид Убайдуллоев маротибаи чорум пайдарпай раиси палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ интихоб шуд. Кори иҷлосияи мазкурро вакили куҳансолтарини палатаи болоии парлумон, нахустин президенти Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов ҳусни оғоз бахшида, ба вазифаи раиси Маҷлиси миллӣ номзадии Маҳмадсаид Убайдуллоевро пешниҳод намуд. Ҳамаи 32 аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси […]



Дар иҷлосияи имрӯзаи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати панҷум Маҳмадсаид Убайдуллоев маротибаи чорум пайдарпай раиси палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ интихоб шуд.

Кори иҷлосияи мазкурро вакили куҳансолтарини палатаи болоии парлумон, нахустин президенти Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов ҳусни оғоз бахшида, ба вазифаи раиси Маҷлиси миллӣ номзадии Маҳмадсаид Убайдуллоевро пешниҳод намуд.

Ҳамаи 32 аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон якдилона ба ҷонибдории ин пешниҳод овоз доданд. Маҳмадсаид Убайдуллоев аз замони таъсиси палатаи болоии парлумон дар соли 2000-ум раиси ивазнашавандаи он аст.

Қобили зикр аст, ки ки 25 аъзои палатаи болоии парлумонро вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ (панҷнафарӣ аз ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ) интихоб карда, 8 нафар вакилони Маҷлиси миллиро президенти Тоҷикистон таъин мекунад. Собиқ президентҳои мамлакат бо хоҳиши худ метавонанд якумра аъзои палатаи болоии парлумон бошанд.

Маҷлиси миллӣ асосан санадҳои қонунгузории аз ҷониби палатаи поёнии парлумон қабулшуда, ҳамчунин номзадҳо ба маснсабҳои прокурори генералӣ, судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди олӣ ва Суди олии иқтисодиро тасдиқ мекунад.

Дар сурати ба истеъфо рафтан ё бемории президент, раҳбарияти кишвар ба дӯши раиси палатаи болоии парлумон вогузор мегардад, аз ин рӯ, ин мансаб пас аз президент мансаби дуюм дар Тоҷикистон шуморида мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Апрели сершамол: пешгӯии обуҳавои якмоҳа дар Тоҷикистон

Моҳи дуюми фасли баҳор дар Тоҷикистон аз падидаҳои табиӣ бой хоҳад буд.

Се корманди “Азия-Плюс” соҳиби ҷоизаҳои Эътилофи занони рӯзноманигори Тоҷикистон шуданд

Ин озмун ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик баргузор ва дирӯз, 31-уми март ҷамъбаст шуд.

“Somon.tj” ҳамчун нуқтаи асосии бозори меҳнат. Сатҳи шинохти тамға ба 86,1% расид

Пойгоҳи “Somon.tj” мавқеи худро ҳамчун яке аз воситаи муҳими рақамӣ дар бозори меҳнати Тоҷикистон мустаҳкам мекунад.

Тоҷикистон ба Ҷоми футболи Осиё-2027 роҳхат гирифт

Ин бори дуюм дар таърих аст, ки тими миллии футболи Тоҷикистон ба Ҷоми Осиё роҳ меёбад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 57

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тоҷикистон боз дар сафи кишварҳои дорои ҳавои ифлос қарор гирифт

Чӣ гуна мо ба ин сатҳ расидем ва чиро ҳоло ҳам метавон ислоҳ кард?