Сокини 22-солаи ноҳияи Рӯдакӣ ҳамсолашро хунсардона кушт

ASIA-Plus

Кормандонп милиса як ҷавонеро ба гумони даст доштан дар куштори хунсардонаи ҳамсолаш боздошт намуданд. Дафтари матбуоти ВКД ҶТ дар шарҳи ин хабар мегӯяд, аввали ҳамин ҳафта шахси номаълум дар дохили автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”-и таҳти идораи сокини 22-солаи ноҳияи Варзоб ҳангоми аз самти шаҳри Душанбе ба ноҳияи Ёвон ҳаракат кардан дар роҳи нақлиётгарди ҷамоати деҳоти Султонободи […]



Кормандонп милиса як ҷавонеро ба гумони даст доштан дар куштори хунсардонаи ҳамсолаш боздошт намуданд.

Дафтари матбуоти ВКД ҶТ дар шарҳи ин хабар мегӯяд, аввали ҳамин ҳафта шахси номаълум дар дохили автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”-и таҳти идораи сокини 22-солаи ноҳияи Варзоб ҳангоми аз самти шаҳри Душанбе ба ноҳияи Ёвон ҳаракат кардан дар роҳи нақлиётгарди ҷамоати деҳоти Султонободи ноҳияи Рӯдакӣ ронандаро бо корди хоҷагии дар дасташ буда, 1-маротиба ба тарафи рости шикамаш зада, баъдан ӯро аз дохили автомашина дар роҳ мепартояд ва аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад.

Ба иттилои манбаъ, дар натиҷа ронанда ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Гуфта мешавад, барои муайян ва дастгир кардани ҷинояткорон аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳияи Рӯдакӣ-1 ва Прокуратураи ноҳияи мазкур чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва тафтишотӣ гузаронида шуда, ин ҷинояти мудҳиш дар муддати кӯтоҳ ошкор карда шуд.

Зимнан зикр мегардад, ки рӯзи 16 апрел ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти куштор ҷавони 22-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ дастгир ва ба ҳабси пешакӣ гирифта шуда, аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва тафтишот идома дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи се кишвари дорои ифлостарин ҳаво дар ҷаҳон қарор гирифт

Чӣ гуна мо ба ин сатҳ расидем ва чиро ҳоло ҳам метавон ислоҳ кард?

“Ҷанг”-и империяҳо бо Наврӯз. Барои чӣ ҳама ноком шуданд?

Аз истилои арабҳо то фишорҳои замони шуравӣ: далели мубориза бо Наврӯз чӣ буд ва чаро натавонистанд онро аз байн баранд?

Ҷазои ду волидайн барои аз таҳсил дур кардани фарзандашон

Додгоҳи шаҳри Исфара ду сокини ин шаҳрро барои аз...

Оғози “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон”. Кай ва дар куҷо маҳфилҳои адабӣ баргузор мешаванд?

Дар кишвар аз 2 то 9-уми апрел ҷашнвораи “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” баргузор мешавад.

Дар соли 2026 ба соҳаи маорифи Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст?

Ин маблағ дар муқоиса бо соли 2025-ум 25% ва нисбат ба даҳ соли пеш 5,5 баробар зиёд мебошад.

Тилло дар Тоҷикистон якбора арзон шуд – ба андозаи 14% дар як моҳ

Ин ба тасҳеҳи нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.