Иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои ИДМ дар Маскав

Аваз Юлдошев

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии ғайрирасмии сарони кишварҳои узви ИДМ, ки рӯзи 8 май дар остонаи ҷашни Рӯзи Ғалаба дар шаҳри Маскав доир мегардад, иштирок мекунад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод. Бино ба иттилои манбаъ, дар доираи нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои ИДМ дидору гуфтушуниди Эмомалӣ Раҳмон бо […]



Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии ғайрирасмии сарони кишварҳои узви ИДМ, ки рӯзи 8 май дар остонаи ҷашни Рӯзи Ғалаба дар шаҳри Маскав доир мегардад, иштирок мекунад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод.

Бино ба иттилои манбаъ, дар доираи нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои ИДМ дидору гуфтушуниди Эмомалӣ Раҳмон бо як қатор ҳамтоёнаш аз кишварҳои Иттиҳод дар назар аст.

Қобили зикр аст, ки ҳукумати Русия се нафар собиқадорони ҶБВ аз Тоҷикистонро ба Маскав барои иштирок дар гузашти низомии идонаи рӯзи 9 май бахшида ба 70-умин согарди Ғалаба дар ҶБВ 


даъват кард.


 Боз ҳафт нафар собиқадорони ҷанг аз Тоҷикистонро ҳукумати Русия барои иштирок дар Базм (бал)-и ғолибон, ки рӯзи 9 май низ дар шаҳри Маскав доир мегардад, даъват намудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Ҷанг”-и империяҳо бо Наврӯз. Барои чӣ ҳама ноком шуданд?

Аз истилои арабҳо то фишорҳои замони шуравӣ: далели мубориза бо Наврӯз чӣ буд ва чаро натавонистанд онро аз байн баранд?

Ҷазои ду волидайн барои аз таҳсил дур кардани фарзандашон

Додгоҳи шаҳри Исфара ду сокини ин шаҳрро барои аз...

Оғози “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон”. Кай ва дар куҷо маҳфилҳои адабӣ баргузор мешаванд?

Дар кишвар аз 2 то 9-уми апрел ҷашнвораи “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” баргузор мешавад.

Дар соли 2026 ба соҳаи маорифи Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст?

Ин маблағ дар муқоиса бо соли 2025-ум 25% ва нисбат ба даҳ соли пеш 5,5 баробар зиёд мебошад.

Тилло дар Тоҷикистон якбора арзон шуд – ба андозаи 14% дар як моҳ

Ин ба тасҳеҳи нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.