Афзоиши назарраси ҳаҷми интиқоли барқ ба Афғонистон

Дар муқоиса бо моҳҳои январ-феврали соли равон ҳаҷми интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон дар моҳи март тақрибан ба андозаи 22% афзуд. Бино ба маълумоти гузориши ҳармоҳаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ «Низоми мониторинг ва огоҳкунии пешакӣ дар Тоҷикистон» бо такя ба маълумоти ширкати «Барқи тоҷик», моҳи марти соли равон аз нерӯгоҳҳои «Сангтӯда-1» […]

Пайрав Чоршанбиев



Дар муқоиса бо моҳҳои январ-феврали соли равон ҳаҷми интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон дар моҳи март тақрибан ба андозаи 22% афзуд.

Бино ба маълумоти гузориши ҳармоҳаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ «Низоми мониторинг ва огоҳкунии пешакӣ дар Тоҷикистон» бо такя ба маълумоти ширкати «Барқи тоҷик», моҳи марти соли равон аз нерӯгоҳҳои «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2» тариқи шабакаҳои 220 кВ ва 110 кВ ба Афғонистон дар ҳаҷми 66,45 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори 1,55 млн. кВт/соат зиёдтар буда, 4,3% аз ҳаҷми умумии нерӯи барқи дар кишвар истеҳсолшуда дар ин давраро ташкил медиҳад.

Ёдрас мекунем, ки моҳи феврали соли ҷорӣ чун дар моҳи январ аз Тоҷикистон ба Афғонистон ҳудуди 55 млн. кВт/соат нерӯи барқ содирот шуда буд.

Гуфта мешавад, дар семоҳаи аввали соли равон ба истеъмолгарони афғон аз Тоҷикистон дар маҷмӯъ 176,5 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол дода шудааст.

Тибқи маълумоти ширкати «Барқи тоҷик», моҳи марти соли равон ҳаҷми умумии истеҳсоли нерӯи барқ дар Тоҷикистон 1 млрд. 557 млн. кВт/соатро ташкил додааст, ки нисбат ба моҳи феврал 0,8% (50,6 млн. кВт/соат) камтар аст. Ҳаҷми истифодаи нерӯи барқ дар моҳи март бошад, ба 1 млрд. 484 млн. кВт/соат расидааст, ки нисбат ба моҳи феврали соли ҷорӣ ба миқдори 9,1% зиёдтар мебошад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.