Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ (КҲФ ва МГ)-и назди ҳукумати ҶТ аз як ҳодисаи кӯшиши даст ба худкушӣ задани ҷавонзан, сокини шаҳри Қайроққум ҷилавгирӣ намуданд.
Котиби матбуотии КҲФ ва МГ Тоҷикистон Ориф Нозимов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки сокини шаҳри Қайроққум, ҷонзани 19-сола Ф.Ҷ. рӯзи 19 апрел аз яке аз пулҳои болои Сирдарё дар шаҳри Хуҷанд худро ба оби рӯдхона партофтааст.
«Кормандони Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд, ки пойгоҳашон дар наздикии ин пул қарор дошт, ҳамаи инро бо чашмони худ дида, баъди чанд дақиқа ҷавонзанро аз дарё берун оварданд», – иброз дошт манбаъ.
Зимнан зикр гардид, ки Ф.Ҷ. бо аломатҳои беҳад зиёд хунук хӯрдан ба бемористон мунтақил гардидааст.



