Моҳи май тоҷикистониён 12 рӯз истироҳат мекунанд

Бо назардошти рӯзҳои истироҳати маъмулӣ ва рӯзҳои ид, моҳи майи соли ҷорӣ сокинони Тоҷикистон 12 рӯз истироҳат мекунанд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон дар ин робита иттилоъ дод, мутобиқи меъёрҳои қонуни кишвар «Дар бораи рӯзҳои ид», агар иди расмӣ ба рӯзи истироҳат, яъне шанбе ё якшанбе рост ояд, рӯзи […]

Аваз Юлдошев



Бо назардошти рӯзҳои истироҳати маъмулӣ ва рӯзҳои ид, моҳи майи соли ҷорӣ сокинони Тоҷикистон 12 рӯз истироҳат мекунанд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон дар ин робита иттилоъ дод, мутобиқи меъёрҳои қонуни кишвар «Дар бораи рӯзҳои ид», агар иди расмӣ ба рӯзи истироҳат, яъне шанбе ё якшанбе рост ояд, рӯзи минбаъда низ рӯзи истироҳат мешавад.

Масалан, санаи 9 май, рӯзи ҷашни Иди Ғалаба имсол ба рӯзи шанбеи ҳафта рост меояд, аз ин рӯ, рӯзи минбаъдаи корӣ, яъне душанбеи ҳафтаи оянда низ рӯзи истироҳат аст.

Ҳамин тариқ, моҳи оянда шаҳрвандони Тоҷикистон 12 рӯз – рӯзҳои 1,2,3,9,10, 11, 16, 17, 23, 24, 30 ва 31 май истироҳат мекунанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.